(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази ташаккули тарзи ҳаети солими шаҳри Хуҷанд силсилаи машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавриди ворид намудани иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам, ки ба пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон равона гардидааст, оғоз гардид, ки дар он кормандони тибби шаш марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Иммунизатсия бо истифода аз ваксинаи Гардасил, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истеҳсол мегардад, гузаронида мешавад. Ваксинаи мазкур қариб 20 сол мешавад, ки дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон истифода мегардад ва дар ин муддат самарабахшии худро дар самти пешгирии навъҳои саратоновари вируси папиломаи инсон исбот намуд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин вирус сабаби асосии ба вуҷуд овардани саратони гарданаки бачадон буда, ин бемории саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни бемориҳои саратонии занон дар ҷои дуюм меистад.
Ваксинаи мазкур дар доираи иммунизатсияи нақшавӣ ба духтарони 10 сола ва дар соли аввали вориднамоии иммунизатсия ба тақвими миллӣ ба духтарони 11-14 сола тавсия дода мешавад. Сабаби фарогирии синну соли мазкур дар он аст, ки дар ин давра иммунизатсия хеле самарбахш буда, ҷавоби иммунии қавиро таъмин месозад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таи чанд соли охир тамоми чораҳоро ҷиҳати ворид намудани иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам андешид ва имрӯз ба қаноатмандӣ гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон низ имконияти таъмин намудани дастрасии занон ба ин ваксина пайдо шуд.
Иммунизатсия бар зидди вируси папиломаи одам воситаи асосии пешгирии бемориҳои пеш аз саратонӣ, инчунин саратони гарданаки бачадон, ки яке аз бемориҳои асосии саратонӣ миёни занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ба шумор меравад. Ин беморӣ на танҳо барои ҳаёти занон хатарнок мебошад, инчунин дар бисёри ҳолатҳо ба вайроншавии солимии репродуктивӣ сабаб мегардад.
Қайд гардид, ки аллакай 148 давлати дунё, аз ҷумла ИМА, Канада, ҳамаи кишварҳои иттиҳоди Аврупо ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ба монанди Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркменистон ва Қирғизистон, инчунин давлатҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Баҳрайн, Бангладеш, Индонезия, Қатар, Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ ва Туркия дар Тақвими миллии иммунизатсияи худ ваксинатсияро бар зидди вируси папиломаи одам ворид намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаракати умумиҷаҳонӣ вобаста ба ҳифзи солимии духтарону занон пайваст мегардад, ки он қадами муҳим дар самти пешгирии бемориҳои саратонӣ ва дар умум мустаҳкам намудани солимии миллат маҳсуб меёбад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...