12 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маҳаллаи "Сари баландӣ"-и шаҳри Хуҷанд аксияи ватандӯстона таҳти унвони «Парчам — рамзи саодати миллат» баргузор гардид.
Иқдоми мазкур бо ҳадафи баланд бардоштани эҳсоси ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ роҳандозӣ гардида, дар он Умеда Абдуллозода – муовини Раиси ҲХДТ, Ҷаҳонгир Салимзода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷамшед Набизода – муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва Мунзифа Ҷабборӣ – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ ба сокинони маҳаллаи “Сари баландӣ” Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтиром тақдим гардид.
Зимни гузаронидани аксия таъкид шуд, ки Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатдории соҳибихтиёр буда, ифодаи ваҳдат, сарҷамъӣ ва ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Он бозгӯйи таърихи давлатсозӣ ва рамзи истиқлолу озодии миллат мебошад.
Ҳамчунин, иштирокдорон сокинонро ба ҳифзу гиромидошти рамзҳои давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан даъват намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







