12 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо иқдомоти шоистаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорони маҳаллӣ ба мумфаршкунии роҳи Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд дар микроноҳияи 13-уми маҳаллаи "Мевағул"-и шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.
Корҳои мумфаршкунӣ аз ҷониби мутахассони Идораи роҳдорӣ ҷараён дорад.
Бояд зикр намуд, ки роҳи мазкур ҳанӯз аз замони Шӯравӣ рӯйи таъмири асосиро надида буд, шаҳрвандон аз ноҳамвор ва вайрона будани роҳ борҳо шикоят намуда буданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







