11 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёди бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 7 ошёна иборат буда, барои 260 кат пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, он дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад, пудратчии сохтмон ширкати “Хушофар” мебошад.
Дар бинои инноватсионии беморхона усулҳои муосири табобату ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда хоҳад шуд. Табибон метавонанд бо истифода аз ин шароитҳо қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба ин васила муроҷиати беморон ба хориҷи кишвар бамаротиб кам гардад.
Бояд қайд намуд, ки дар беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 табибони соҳибтаҷриба ва мутахассисони ҷавон фаъолият доранд, ки дар ташхис, табобат ва ҷарроҳиҳо эътироф гардидаанд. Шароитҳои замонавии фароҳамовардашуда, дастгоҳу таҷҳизоти замони муосир барои боз ҳам баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои наву муосир ташхису табобат ва ҷарроҳиҳо имконияти васеъ мебошанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулини сохтмон ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо ва дар муҳлати муайяншуда супоридани иншоот дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







