10 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Биноҳо обод, мардум шод…
Шаҳри Хуҷанд рўз аз рўзу сол то сол рушд мекунад, биноҳои боҳашамату сар ба афлоккашида, иншооти навсохту марказҳои бунёдшуда ба симои ин шаҳри қадиму ҳамешаҷавон ҳусни тоза зам мекунад.
Сокинону меҳмонони шаҳр аз он меболанд, ки ин маркази маъмурии вилояти Суғд ба таври бесобиқа нашъу намо дорад. Бешак, дар ин ободониҳову қад афрохтани биноҳову иншоот нақши кормандони соҳаи сохтмон, аз ҷумла, ширкатҳои сохтмонии “Тоҷсохтмон”, “Қудрат – 2010”, “Гурўҳи истиқлол”, “Сомон-сохтмон ва К”, “Хуҷанд – обод”, “Олами сохтмон”, “Фартуна - К”, “Элит - сохтмон”, “Сармоя – сохтмон”, “Фламинго” ва даҳҳои дигар, басо бузург аст.
Бо ифтихори бузург ва қаноатмандии том кулли собиқадорони соҳа ва сохтмончиёну муҳандисонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба муносибати иди касбӣ – Рўзи кормандони соҳаи сохтмон табрику таҳният намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, рўзгори обод ва дар меҳнати пурифтихорашон баҳри ободию шукуфоии кишвари азиз муваффақиятҳо хоҳонам.
Аслан мафҳуми созандагию бунёдкориро ҳам ба сохтани иморат, бунёди шаҳру деҳот ва ҳам ба тафаккури покизаи инсонӣ, обод кардани иморати зиндагӣ, бунёдгузории ҳаёти нав низ нисбат медиҳанд. Аз ин хотир, рў ба созандагӣ овардани мамлакат, бунёди даҳҳо иншооти таъйиноти иҷтимоию маишӣ ва фарҳангӣ, торафт ободу зебо гардонидани манзилу макон нишони тинҷию осоиш, устувории сулҳу амонӣ ва хотири ҷамъи мардум аст. Шукри онро мекунем, ки ин рисолат тавассути сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва заҳматҳои ватандўстонаи сохтмончиёни чирадаст бо мазмуну мантиқи нав идома меёбад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар қомат афрохтани биноҳои таъйиноти иҷтимоию истеҳсолӣ, таъмири кўчаю роҳ, бунёд ёфтани даҳҳо иншоот, хиёбону гулгаштҳо, мактабҳои замонавӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва ғайра, аз сеҳру эъҷози дастони зебоиофари бинокорон ва рисолати азалии авлоду аҷдоди сарбаланди миллати тоҷик мебошанд.
Имрўз дар шаҳри Хуҷанд кормандони ширкатҳои бонуфузи сохтмонии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ бо рўҳияи баланд аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат баҳри гулгулшукуфию сарсабзии диёрамон бо лоиҳаҳои сохтмонии сатҳи ҷаҳонӣ садоқатмандона ва босубот меҳнат мекунанд.
Дар шаҳр сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№4, 7, 14, 26 ва кўдакистонҳои муосир идома дорад, ки ҳама ба манфиати насли наврас нигаронида шудааст.
Ин аст, ки дастовардҳои меҳнатии кормандони соҳа ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на ба ҳисоби фоиз, балки ба маротиб афзуда истодааст, ки боиси ифтихори ҳар сокини ин Хуршедшаҳр мебошад.
Мо бори дигар, иди касбиро ба кулли сохтмончиён ва алоқамандони соҳа шодбош гуфта, таманно мекунем, ки тавассути заҳмати шабонарўзии онон шаҳри маъмурии вилояти Суғд – Хуҷанди бостонӣ пешрафтаву муваффақтар гардад ва ҳар сокину меҳмони он ба дастони гулкори сохтмончиён сано хонад.
Иди касбӣ муборак, сохтмончиёни азиз!







