09 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар раванди сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Пешвои миллат пайваста дар масъалаи инкишофи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои фароҳам овардани тамоми шароиту имконоти мавҷуда ҷудо намудани маблағҳои дахлдорро дареғ намедоранд. Ҳамчун роҳбари ғамхор ва Пешвои раъиятпарвару фарҳангсолор ба ояндаи боз ҳам дурахшони соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки яке аз сарчашмаҳои асосии бунёди донишу маърифат ба ҳисоб мераванд, ғамхорӣ зоҳир намуда, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуданд: «Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад».
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бунёду азнавсозии даҳҳо иншооти соҳаи маориф бомаром идома дорад.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни сохтмони бинои иловагӣ дар гимназияи №4 ошноӣ пайдо намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои сохташавандаи муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна бо таҳхона ва 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 1400 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкати ватании “Тоҷ-сохтмон” амалӣ карда мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро дорад.
Корҳои сохтмонӣ асосан ба анҷом расида, корҳои пардозкунӣ оғоз гардидааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба роҳбарияти ширкати “Тоҷ-сохтмон” ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омода намудании иншоот бахшида ба ҷашни 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод.
Шаҳрдор ҳамчунин аз рафти сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ дар маҳаллаи “Темурмалик” шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистон аз 3 ошёна бо таҳхона барои 18 гурӯҳ 500 нафар кӯдак бо 40 ҷои корӣ аз ҷониби гуруҳи ширкатҳои “Фортуна ва компания” дар маҳаллаи 6-7 уми шаҳри Хуҷанд бо ҷалби 50 нафар сохтмончиён сохта шуда истодааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба роҳбарияти ширкати “Фортуна ва компания” ҷиҳати сифатнок анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







