09 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни сохтмони якчанд адад корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба муносибати 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда истодааст, боздид намуд.
Нахуст аз раванди бунёди корхонаи коркарди гӯшту шир дар маҳалллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд, ки бомаром идома дорад, шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби ҷамъияти Агрокомплекси “Саховат” ташкил гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Авитсенна” иҷро шуда истодааст ва дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Фирдавс Шарифзода ба масъулини сохтмон ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.
Дар идомаи боздиди худ Раиси шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», аз ҷумла аз ҷараёни сохтмони коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва электроскутерҳо дар заминаи ҶДММ «Сайри Суғд» ошноӣ пайдо намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави «Сайри Суғд» дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров сохта шуда истодааст. Корҳои сохтмонии иншооти мазкур бомаром идома дошта, таҷҳизоти корхона ба яке аз кишварҳои хориҷа фармоиш шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», бунёди бинои маъмурии он бомаром идома дошта, бахшида ба ҷашни 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳадаф ва вазифаҳои асосии МОИ "Суғд" аз фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ, техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ, таҷрибаи идоракунӣ барои ба даст овардани самаранокии истеҳсолот, истифодаи бештари захираҳои озоди табиӣ, тақвият додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди саноат ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ иборат мебошад.
Дар маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни корҳои ифтитоҳии якчанд адад коргоҳҳои дӯзандагии ҶСК “Нуртекс” шинос шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати босифат ва тибқи муҳлати муайянгардида анҷом додани корҳо дастуру маслиҳатҳо дод.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр 321 ададро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи якуми соли 2025-ум 23 корхонаю коргоҳҳои нав бо 142 ҷойи кории нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







