09 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаву сохторҳои шаҳр ва масъулини дахлдор рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор намуд, ки дар ин рӯз 35 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун ба шаҳрдор муроҷиат намуданд.
Шаҳрвандон вобаста ба масоили кӯмаки муолиҷавӣ, сохтмон, таъмин бо манзили зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ, мумфаршкунии кӯчаҳо, таъминот бо лавозимоти хониш, масоили хизматрасонии коммуналӣ, таъмин бо ҷойи кор ва ғайраҳоро муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд қайд намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе рӯзҳои қабул аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







