09 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Варзиш – қудрату тавонии миллат
Ҳамшаҳриёни гиромӣ, варзишгарони собиқадор, ҷавонони азиз!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзишро омили сулҳу дўстӣ, солимии тафаккуру ҷисм меҳисобанд ва дар яке аз мулоқотҳояшон бо варзишгарон андешаҳояшонро чунин баён кардаанд: “Варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дўстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад.
Ҳаракатҳои оммавии варзиши ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Имрўз яке аз ҳадафҳои асосии варзиш ҳамчун қосиди сулҳ дар ҷаҳон маҳз ҳамин аст”.
Барҳақ, имрўз бештар аз ҳар вақти дигар, варзиш барои ба ҳам овардани халқи ҷаҳон, сулҳу амният муҳим аст.
Ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар остонаи таҷлили 34-солагии ин санаи муборак истодаем, тамоми соҳоти хоҷагии халқ дар рушду нумўъ қарор доранд ва соҳаи варзиш истисно нест. Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷўҳу эътибор қарор дорад ва ободониву бунёдкориҳо, зина ба зина пеш рафтани соҳаи варзиш, иштироки варзишгарон дар мусобиқоти гуногунсатҳ вусъати тоза гирифта истодааст.
Дар тақвими ҷашнҳои кишварамон рўзи 10-уми август ҳамчун Рўзи варзишгарон қайд гардидааст. Ба ин муносибати нек – иди зебоиву солимӣ – Рўзи варзишгаронро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба кулли собиқадорону варзиш- гарон табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно мекунам.
Дар ҳудуди шаҳр 344 иншооти варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳ, иншооти одии варзишӣ, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва иншооти барои машғулиятҳои варзишӣ мутобиқгардида мавриди истифода қарор дорад, ки дар онҳо мураббиёну устодони чирадаст шогирдонашонро тарбия намуда истодаанд. Дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятию маҳаллӣ ва дохилишаҳрӣ назаррасанд. Сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ҳанўз ҳам идома дорад.
Зимни суханрониҳои хеш Президенти мамлакат, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки «Ҷавонони соҳибмаърифату босавод ва аз ҷиҳати ҷисмонию маънавӣ баркамолро тарбия намудан, вазифаи боифтихор аст. Зеро, ки ҷавонони солиму пурқудрат – тандурустиву қудрати миллатанд».
Дар робита ба суханони ҳидояткунандаи Пешвои миллат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри рушди соҳаи варзиш ва тандурустии ояндасозони миллатамон заминаҳои дилхоҳ эҷод намояд.
Бовар дорем, ки варзишгарони шаҳр минбаъд низ дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи варзиш ва тамаддуни варзиши миллати тоҷикро маъруфият мебахшанд.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар варзишгарон ва алоқамандони соҳаи варзишро бо иди касбӣ табрику муборакбод намуда, барояшон музаффариятҳои нав ба нави варзиширо таманно менамоям.
Ҳамеша саломат, дастболо ва парчамбардори миллат бошед, варзишгарони ватандўст!







