08 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баён гардида буданд, ва дар доираи васеъ намудани корҳои таблиғотию иттилоотӣ миёни аҳолӣ, санаи 7-уми августи соли равон бо сокинони маҳаллаи “Масҷиди Савр”-и шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ташвиқи ҷавонон ба зиндагии фаъол дар ҷомеа баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр Муродҷон Раҷабов, намояндаи шуъбаи амнияти шаҳр Олимҷон Сабуров, сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Султон Ғафуров, намояндагони хадамоти муҳоҷират, комиссариати ҳарбии шаҳр ва ходимони дин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ дар миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла муқовимати муассир ба равандҳои ифротгароӣ ва гурӯҳҳои радикалӣ, аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таваҷҷуҳи хос ба нақши муассир ва мутақобилаи оила, мактаб ва ҷомеа дар тарбияи дурусти насли наврас зоҳир гардид.
Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, таъмин бо ыойи корь, хизмати ҳарбӣ ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охир, сокинон суолҳои худро матраҳ намуда, посухҳои муфассал ва муътамад дарёфт карданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







