06 Август 2025
Недоступен ни однин перевод.
Тибқи дастури роҳбарияти вилояти Суғд бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор истиқбол намудани 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» ташкил ва гузаронида шуд.
Ба аксияи мазкур беш аз 100 нафар кормандони беморхонаи вилоятии шараёни дил, варзишгарон, ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун ҷалб гардиданд.
Ҳашарчиён аз канори дарё алафҳои худрўйи соҳил, партовҳои истеъмолии пластикию полиэтиленӣ ба пуррагӣ тоза намуда, баҳри мунаввар ва боз ҳам зебо шудани дарёи Сир мусоидат намуданд.
Таъкид шуд, ки бояд шаҳрвандон дарк намоянд, ки дар ҳама ҳолат муҳимтарин вазифаи инсоният- ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро мо ҳамарўза аз ҳавои тоза нафас мекашем, ҳавои ғализ ва чиркин ба саломатии мо хавф эҷод намуда, ба бемориҳои гуногун оварда мерасонад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







