27 Январ 2015
Дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд санаҳои 24-25 январи соли равон чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ-до байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон бахшида ба таътили зимистона баргузор гардид. Дар мусобиқа аз 7 минтақа,- аз ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, ва шаҳрҳои Истиқлолу Хуҷанд ҳамагӣ 362 нафар иштирок намуданд. Аз он писарон 319 нафар ва духтарон - 43 нафар ро ташкил доданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ дастаи варзишгарони шаҳри Хуҷанд бо 22 медали тилло, 14 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ натиҷаи аз ҳама беҳтарро нишон доданд. Дар маросими ҷамбастӣ мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва Раиси Федератсия каратэ-до дар вилояти Суғд Вадим Джо-Чун-Си иштирок намуда ба ғолибон ҷоизаҳои ғолибиятро супориданд. Ҳамчунин ноҳияҳои ба номи Б Ғафуров ва Зафаробод мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.