19 Июль 2025
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 17-уми дар шаҳри Душанбе дар маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба варзиш ироа гардид, аз ҷониби муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Чорабинӣ аз ҷониби намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва маъмурияти муассисаи таълимии томактабии №36 мушоҳида ва ба он баҳои баланд дода шуд.Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки инсоният барои пойдории саломатӣ, тақвияти он ва умри дарози пурбаракат дидан беҳтар аз тарзи ҳаёти солим чизе кашф накардааст ва тарзи ҳаёти солимро ҳеч дорую давое наметавонад иваз намояд. Тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад. Солимии миллат яке аз рукнҳои бисёр пуриқтидори рушду тараққии давлат аст, давлат дар сояи миллати солим қомат меафрозад, пеш меравад. Аз ин рӯ тарзи ҳаёти солим аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ низ дорад.ÂÂ Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин дар амал татбиқ намудани Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва обутоб додани кӯдакон тариқи об, ҳаво ва офтоб мебошад.ÂÂ Бо ин мақсад дар МТТ №36-и шаҳри Хуҷанд бо ташкил намудани шароити мусоид баҳри фароғату истироҳати кӯдакон, солимгардонӣ, бардамгардонӣ, обутобдиҳии бадани кӯдакон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакон чорабинии варзишии "Шоҳи обӣ" баргузор гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







