16 Июль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо фароҳам шудани шароити муосир дар Беморхонаи клиникавии №1 шаҳри Хуҷанд ва талошҳои пайгиронаи табибони Шуъбаи ҷарроҳии калонсолон, таҳти роҳбарии мудири шуъбаи мазкур н.и.т. Мухтор Камолов дар ҳамҷоягӣ бо табиби ҷарроҳ Меҳрнӯш Қаҳҳоров бори аввал дар миқёси вилоят гузаронидани боз як амалиёти ҷарроҳии муосири бартараф кардани чурраҳои қадкашак (паховые грыжи) бо усули муосири ТАРР ба роҳ монда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар давоми ду соли охир ин аллакай сеюмин намуди ҷарроҳии муосир аст, ки дар шуъбаи мазкур роҳандозӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки усули TAPP (герниопластикаи трансабдоминалии прeперитонеалӣ) — як усули муосир ва самараноки муолиҷаи чурра мебошад, ки дар ҷарроҳӣ васеъ истифода мешавад. TAPP — ин усули ҷарроҳии муосири лапароскопӣ барои муолиҷаи чурраи қадкашак мебошад, ки дар он трансплантати тӯри барои пӯшонидани нуқсони мавзеи қадкашак истифода мешавад. Амалиёт тавассути чанд сӯрохии хурд дар пешдевори шикам гузаронида мешавад, ки ин ба коҳиши вақти барқароршавӣ ва кам кардани хатари оқибатҳои баъдиҷарроҳӣ мусоидат мекунад.
Амалиёт чӣ гуна гузаронида мешавад?
Таҳти беҳискунии умумӣ, тавассути сурохҳои хурд дар девори шикам лапароскоп ва асбобҳои ҷарроҳӣ ворид карда мешаванд.
Ба ковокии шикам газ ворид карда мешавад (пневмоперитонеум), то фазои корӣ ба вуҷуд ояд.
Ҷарроҳ халтаи чурра ва муҳтавои дохили онро ҷудо мекунад.Трансплантати тӯрӣ дар ҷои нуқсони чурра ҷой дода шуда, мустаҳкам карда мешавад, то пешгирии аз нав пайдо шудани чурра таъмин гардад. Захмҳои баъдиҷарроҳӣ дӯхта мешаванд.
Афзалиятҳои TAPP:
- Зарари кам:
Амалиёт тавассути сурохиҳои хурд гузаронида мешавад, ки ин давраи барқароршавиро кӯтоҳ мекунад ва эҳсоси дардро коҳиш медиҳад.
- Барқароршавии зуд:
Давраи баъдиҷарроҳӣ ба маротиб кӯтоҳ аст дар муқоиса бо ҷарроҳии маъмулӣ.
- Осори захмҳои хурд:
Набудани буришҳои калон боиси хадшаҳои хурди баъдиҷарроҳӣ мегардад.
- Муваффақият ва хатари ками дубора пайдо шудани чурра:
TAPP натиҷаҳои хуби муолиҷавиро таъмин мекунад ва хатари такроран пайдо шудани чурраро кам мекунад.
- Имкони ҷарроҳии чурраи дутарафа:
TAPP имконият медиҳад, ки чурраро дар ду ҷониб ҳамзамон ҷарроҳӣ кунанд.
TAPP ҳамчунин метавонад барои муолиҷаи намудҳои дигари чурра, ба монанди:
Чурраи вентралӣ, чурраи баъдиҷарроҳӣ истифода шавад.
Бо ба роҳ мондани ин усули муосири амалиёти ҷарроҳӣ, ба беморони гирифтори чурраҳои қадкашак имконият фароҳам омад, ки аз хизматрасонии табибони соҳибтаҷриба истифода бурда, дар муддати кӯтоҳ, бо харҷи кам дар дохили кишвар саломатии худро барқарор намоянд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ба таври бесобиқа рушд карда, дар муассисаҳои соҳа сатҳи нави хизматрасонии тиббӣ ҷорӣ карда шуд.
Имрӯзҳо бо истифода аз имконоти мавҷуда табибони ҷавон дар хориҷи мамлакат такмили ихтисос гузашта, таҷрибаи андӯхтаашонро дар кишвар амалӣ намуда истодаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







