09 Июль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо иштироки аҳли санъат ва блогерони маъруф ифтитоҳи расмии фурӯши хонаҳои Маҷмааи биноҳои бисёрошёнаи “Темурмалик” ва муаррифии имконоти он баргузор шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин Маҷмаа дар хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд бунёд шуда, аз ҷониби Консорсиуми соҳибкорони тоҷику турк бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва мутахасисони хориҷӣ, бо истифода аз технологияи муосири сохтмон амалӣ карда мешавад.
Хусусияти хоси лоиҳа дар он аст, ки ҳангоми тарҳрезии Маҷмаа тамоми шароити мусоид барои сокинони он ба инобат гирифта мешавад, аз ҷумла ҳавзи шиноварии пӯшида, ҳаммом, ҳаммоми туркӣ, толори фитнес, таваққуфгоҳи пӯшида, боғчаи кӯдакона, майдончаҳои кӯдакона, мавзеи фароғати калонсолон ва ҷойи истироҳати калонсолон пешбинӣ шудааст.
Маҷмааи биноҳои баландошёна дар бо болохона( пентхаус) дар хиёбони Раҳмон Набиев, кӯчаҳои Гулшан ва Муродии Хуҷандӣ сохта мешавад. Фармоишгари лоиҳа ҶДММ “Фортуна-КО” ва пудратчӣ “ҶДММ “Арча-иншоот” мебошад. Лоиҳакаши иншоот ҶДММ “Меъморӣ ва дизайн”, оғози корҳои сохтмонӣ моҳи декабри соли 2024 ва анҷоми корҳои сохтмонӣ декабри соли 2030 ба нақша гирифта шудааст. Дар Маҷмаа хонаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5 ҳуҷрагӣ бо масоҳати аз 50 метри мураббаъ то 330 метри мураббаъ сохта мешаванд. Масоҳати умумии лоиҳа 18000, 00 метри мурабаъро ташкил медиҳад. Шумораи манзилҳои истиқоматӣ 650 ададро ташкил медиҳад. Таваққуфгоҳ дуқабата буда, барои 400 нақлиёти сабукрав пешбинӣ шудааст. Дар Маҷмаа аз 50 нафар то 300 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда мешаванд.
Иштирокдорон ин иқдоми соҳибкорони ватаниро амали нек ва ояндабина арзёбӣ намуда, онро шаҳодати амну осоиштагӣ ва ободии Ватан унвон намуд.
Меҳмонони чорабинӣ доир ба ҷолибияти тарҳи меъмории иншоот ва имконоти он мубодилаи афкор намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







