(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар микроноҳияи 30-юми маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд маросими номгузорӣ ба яке аз кӯчаҳои номнадошта ба номи Маҳмудҷон Рабеъҷонов баргузор шуд.

Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки бо пешниҳоди Комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд вакилон барои номгузорӣ намудани номи яке аз кўчаи номнадоштаи маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд ба номи Маҳмудҷон Рабеъҷонов қарор қабул намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Маҳмудҷон Рабеъҷонов 9-уми сентябри соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, соли 1973 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1973 то соли 1976 дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд ба донишҷӯён сабақ додааст.
Баъдан, соли 1976 дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникии шаҳрии № 1-и шаҳри Хуҷанд бо таври гузариш ба фаъолият пардохт ва то соли 1979 дар ин ҷо кор карда, ҳамон сол ба шаҳри Маскав рафта, то соли 1981 дар заминаи кафедраи ҷарроҳии калонсолони Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Пирогов курси ординатураро гузашт.
Хизматҳои ӯро ба инобат гирифта, соли 1993 ҳамчун сарҷарроҳи ғайривоҳидии Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 1994 сартабиби Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ва баъдан соли 1996 сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъйин намуданд, ки дар ин вазифаҳо то соли 2008 адои вазифа намудааст.
Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардор Раёсати тандурустии вилоят, ҳамсабақи Маҳмудҷон Рабеъҷонов-Толиб Исмоил, олими варзида Абдураҳмон Мирсаидов, духтари Маҳмудҷон Рабеъҷонов-Моҳирахон Рабеъҷонова ва дигарон аз хислатҳои неки табиби ҳозиқ ёдоварӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Маҳмудҷон Рабеъҷонов, тӯли фаъолияти хеш худро ҳамчун табиби ҳозиқу фидоии касб нишон дод. Ӯ мураббии даҳҳо шогирдон буд, ки бештари онҳо то охири умраш дар паҳлӯяш кору фаъолият намуда, бархе аз онҳо ҳатто сазовори номзади илми тиб гардидаанд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ парда аз лавҳаи хотиравӣ бардошта шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...