(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини шуъбаи маориф, роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов аз фаъолияти соҳаи маориф дар шашмоҳаи аввали соли 2025 натиҷабардорӣ карда шуд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мақсудзода доир ба раванди таълиму тарбияи соҳаи маориф дар нимсолаи якуми соли равон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки рушди маориф омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати ояндаи дурахшони миллат аст. Ҳар як миллате, ки ба рушди маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, ояндаи худро боэътимод месозад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ таъкид намуданд, ки рушди маориф танҳо вазифаи давлатӣ нест, балки як масъулияти умумимиллӣ аст. Боиси хурсандии аҳли маорифчиёни кишвар аст, ки аз санаи 01 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф дар қатори кормандони соҳаҳои иҷтимоиёт 30% зиёд мегардад, ки ин моро водор менамояд, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли навраси ояндасоз, ободии кишварамон ҷидду ҷаҳд намоем.
Шуъбаи маориф бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини ояндаи дурахшони кўдакон таҳти назорати доимӣ ва дастгирии ҳамаҷониба қарор додани бунёди биноҳои нав, инчунин беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии томактабӣ кўшиш ба харҷ дода истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва банди 1 нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд оид ба татбиқи “Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ ва миёнаи умумӣ”, ҷиҳати ҷалби соҳибкорон доир ба бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ санаи 30 марти соли 2025 дар маҳаллаи “Ваҳдат” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Фотеҳхон Маъсумов муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ “Навбаҳор”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Кўдакистон аз як бинои сеошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар бинои навбунёди кўдакистони “Навбаҳор” 35 мураббия ба ҷойи корӣ таъмин шуда беш аз 300 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар шаҳри Хуҷанд 52 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, аз он 28 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 16 адад муассисаҳои хусусӣ, 2 адад литсей, 4 гимназия, 1 мактаб-кўдакистони махсуси барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино ва 1 интернати махсус барои имконияташон маҳдуд фаъолият менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 52 муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 47 516 (22 268 нафар духтарон) нафар хонандагон, 48 кўдакистон бо фарогирии 11 338 нафар кўдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз он ҷумла дар кўдакистонҳои давлатӣ 8 863 нафар, дар кўдакистонҳои хусусӣ 949 нафар, дар “Кўдакистони Президентӣ” 1 081 нафар ва Маркази инкишофи кўдак дар назди 30 муассисаҳои таълимӣ бо теъдоди 33 гурўҳ 596 нафар кўдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ки ин 66% -и кўдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли равон 67 номгўйи китоби дарсӣ ба теъдоди 34004 адад ба маблағи 220 441,07 сомонӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи эҳтиёҷи муассисаҳои таълимӣ дастраси хонандагон гардид. Маблағи китобҳои дарсии иҷоравӣ аз тарафи муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд саривақт пардохт карда мешаванд.
Ҳамасола бо мақсади амалишавии “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” дарёфти хонандагони болаёқат, худогоҳу хештаншинос, озмуни “Хонандаи сол” баргузор карда мешавад. Дар давраи аввали озмун аз 52 муассисаҳои таълимӣ 1 006 нафар толибилмон ширкат варзида ба даври дуюми он 50 нафар роҳхат гирифтаанд. Санаи 19 апрели соли равон даври дуюми озмуни шаҳрии “Хонандаи сол-2025” дар пояи МТМУ№19 баргузор гардид, ки дар натиҷа хонандаи синфи 10-и Литсейи назди донишгоҳи политехникӣ Комилҷонова Мухлиса мақоми ҷойи аввалро насиб гашт.
Боиси хурсандист, ки дар соли таҳсили 2024-2025 хонандаи синфи 11 –и гимназияи ба номи Ё.В.Гёте Хусрав Бобоҷонов барандаи идрорпулии байналмилалии DAAD дар соли 2025 гашта, соҳиби 56 000 евро шуд.
Дар Маркази таҳсилоти иловагӣ соатҳои тарбиявии дар мавзуҳои “Ҳамаи асрор дар китоб аст”, “Одоби сухан гуфтан” “Китоб ганҷи бебаҳост”, “Қадри нонро бидонед”, “Если хочешь быть здоровь”, “Тозагӣ гарави саломатӣ”, “Ҳомиёни Ватан”, “Артиши миллӣ”, “Модари меҳрубони ман”, “Зан бахшандаи ҳаёт”, “Наврӯзатон фирӯз бод”, “Муқаддасоти Тоҷикистон”, “Наврӯзи хуҷастапай” ва машғулиятҳои намунавӣ дар мавзуҳои “Ороиши газетаи деворӣ”, “Ороиши куртаи идона”, “Сохтани қолаби маснуот”, “Носири Хусрав, Сафарнома, Абдураҳмони Ҷомӣ”, Гулҳои баҳорӣ”, “Пандномаи бузургон”, “Сатҳи маҳал, ҳамворӣ, ҷарӣ теппа ва кӯл“, “Корҳои ороишӣ”гузаронида шуд.
Шаҳноза Мақсудзода доир ба дигар паҳлӯҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ маълумоти муфассал дод.
Сипас, Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов ҳангоми таҳлили соҳа ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ, сифатнок иҷро намудани талаботи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ташкилу баргузор намудани Озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», тарғиби худшиносиу худогоҳӣ байни хонандагону тарбиятгирандагон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...