04 Июл 2025
Саломатӣ аз арзишҳои муҳими зиндагӣ маҳсуб ёфта, нигаҳдории он вазифаи ҳар як шахс аст. Бо дарки ин муҳимият, дар шаҳри Хуҷанд иқдомҳои судманд амалӣ мешаванд. Яке аз онҳо “Корвони саломатӣ” мебошад, ки ин навбат дар Маркази саломатии №3-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Чорабинӣ бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дар доираи татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ доир гардида, табибон ба сокинон хизматрасонии ройгони тиббӣ пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур кормандони Маркази тарзи ҳаёти солим корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, маводи иттилоотӣ паҳн карданд.