(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСанаи 3-юми июли соли 2025, дар доираи иҷрои нақшаи муштараки чорабиниҳои сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд ҷиҳати таҳкими рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар чойхонаи "Қӯшҳавз"-и кумитаи маҳаллаи Ҷаббор Расулов мулоқоти судманди намояндагони мақомоти давлатӣ бо сокинони маҳалла баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, намояндаи мақомоти амниятии шаҳр Шаҳром Бахтиёрзода, сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр Султон Ғафуров ва ходими дин Илҳомиддин Раҳматов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини Раиси шаҳр Ҷамшед Набизода дар суханронии худ аҳамияти ободии Ватан ва ҳифзи сулҳу суботи пойдорро махсус таъкид намуда, изҳор дошт, ки маҳз ҳамбастагии миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ моро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун месозад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ дар баромади худ вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла хатари терроризму экстремизм, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва зарурати риояи фарҳанги либоси миллӣ изҳори назар кард. Ӯ зикр намуд, ки ҳифзи муқаддасоти фарҳангӣ ва эҳтиром ба урфу одатҳои миллии тоҷикон яке аз вазифаҳои муҳими ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст мебошад.
Шаҳром Бахтиёрзода, намояндаи мақомоти амниятӣ, зимни баромади худ дар бораи масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа андешаронӣ кард.
Дар навбати худ, ходими дин Илҳомиддин Раҳматов доир ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, риояи меъёрҳои иҷтимоӣ ва нақши дин дар таҳкими маънавиёти ҷомеа изҳори андеша намуд.
Сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр Султон Ғафуров доир ба имкониятҳои ҷойдошта барои таъмини сокинон бо ҷойи кор, омӯзишҳои касбӣ ва курсҳои ройгони омӯзишӣ суханронӣ намуда, ҷавононро ба омӯзиш ва фаъолият дар дохили кишвар ташвиқ кард.
Мулоқоти мазкур бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи озоди сокинон идома ёфта, як қадами муҳим дар роҳандозии робитаи бевоситаи мардум бо мақомоти давлатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои ҷомеа бо сохторҳои марбута гардид.
Ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр ба рушди иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандӣ ва таъмини суботи сиёсиву иқтисодӣ дар маҳаллаҳо мебошад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...