02 Июл 2025
Баъди нашри маводи интиқодии шаҳрвандон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук оид ба муносибати бепарвоёна вобаста ба муҳити зист, бахусус риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ ва партофтани партовҳои маишӣ ва дигар партовҳо дар ҳудуди майдони Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945-и шаҳри Хуҷанд, мавзеи бозори марказии “Панҷшанбе” аз тарафи кормнадони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд чорабинии пешгирикунанда ва бартарафкунӣ баргузор гардид.
Маълум шуд, ки дар ин мавзеъ ба тариқи сунъӣ, яъне худсарона партовгоҳ ташкил шуда, тоҷироне, ки дар ҳудуд савдо мекунанд, маҳсулоти партовшудаи худро ба он ҷо мегузоранд, ки боиси вайрон шудани муҳити зист гаштааст. Ҳарчанд, ки дар бозори “Панҷшанбе” ва кӯчаи Шарқ нуқтаҳои муайяни партовгузорӣ мушаххас шудааст, вале бархе шаҳрвандон то ҳол дар ин мавзуъ худсарона ва ғайриқонунӣ партов мегузоранд.
Аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд масъалаи мазкур мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода шуд. Якчанд нафар шаҳрвандоне, ки бо вуҷуди огоҳӣ дидаву дониста партовҳои худро ба он ҷо гузоштанд, тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҷӯӣ карда шуд.
Ҳамин тавр, нисбати якчанд нафар тибқи талаботи моддаи 232-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар партовҳо маводҳо тартиб ва то 750 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд.
Шаҳрвандон аз кирдори худ пушаймонӣ изҳор намуданд.
Аз ҷониби масъулини дахлдор партовҳои мавзеъ тоза ва лавҳаҳои “Партов партофтан манъ аст” насб карда шуд.
Бо истифода аз фурсат шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд аз сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд эҳтиромона хоҳиш ва даъват ба амал меорад, ки маданияти баланди шаҳрвандиро риоя ва баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ иқдомҳои ибратбахш намуда, дар сурати мушоҳида намудани чунин қонуншиканони муҳити зист ба масъулини дахлдор иттилоъ расонанд, то ин ки нисбаташон чораҳои фаҳмондадиҳӣ ва қонунӣ андешида шавад.
Мо дар якҷоягӣ шаҳрамонро ободу зебо менамоем!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд