02 Июл 2025
Бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтар барои солимии кӯдакон ва ташаккули арзишҳои инсонӣ, дар Муассисаи давлатии таълимии томактабии №13-и шаҳри Хуҷанд як қатор иқдомҳои тарбиявию солимгардонӣ амалӣ карда шуданд.
Дар доираи давраи солимгардонӣ, ки барои кӯдакони синну соли томактабӣ роҳандозӣ гардид, ба ғизои солим ва серғизо, истифодаи меваву сабзавоти тару тоза ва риояи қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, рӯзномаи махсуси хӯрока ва реҷаи дурусти истироҳату машғулиятҳо таҳия шудааст.
Ҳамзамон, бо ҳадафи тарбия намудани насли ватандӯст, соҳибмаърифат ва огоҳ аз арзишҳои миллӣ, дар кӯдакистон чорабинии фарҳангии мавзӯии «Сулҳ — мароми ҳамагон» баргузор гардид. Кӯдакон бо барномаҳои рангини шеърхонӣ, сурудҳои ватандӯстона ва саҳначаҳои тарбиявӣ рӯҳу илҳоми меҳри Ватан ва сулҳу ваҳдати миллӣ нишон доданд.
Ин гуна тадбирҳо ба таҳкими тафаккури солим, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва маънавии кӯдакон мусоидат намуда, заминаи муҳиме барои омодасозии онҳо ба зиндагии мустақил ва ояндаи дурахшон фароҳам меоранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд