01 Июл 2025
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди сохтмони биноҳои баландошёна, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 3 ва 7, ки аз ҷониби ширкати ватании “Қудрат-2010” сохта шуда истодааст, боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 3 ва 7 сохтмони маҷмааи биноҳои 24 ошёна бо назардошти талаботи замони муосир ва инфрасохтор бомаром идома дорад. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин сохтмонҳо садҳо нафар сохтмончиён ва мутахасисони ватанию хориҷӣ кору фаъолият доранд ва то 10 000 сомонӣ маош мегиранд.
Дар таҳхонаи ин биноҳо дар ду ошёна истгоҳи нақлиётӣ ва дар чор ошёнаи ин биноҳо марказҳои хизматрасонӣ бунёд карда мешавад ва ба ин васила садҳо нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба масъулини ширкат ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ, риояи техникаи бехатарии сохтмон ва саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти соҳаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд