30 Июн 2025
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди сохтмони бинои иловагии гимназияи №1-и шаҳр шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди бинои иловагӣ ин муассисаи таълимӣ аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо назардошти фарогирии 1400 нафар хонанда дар 2 баст то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Иқдом ва сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби 5 адад ширкати ватанӣ амалӣ карда мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозиро доранд.
Бояд қайд намуд, ки ин ҳама тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, сол ба сол масъалаи мушкилоти норасоии ҷои нишаст дар макотиби вилоят аз байн бурда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулини сохтмонро ҷиҳати истифодаи масолеҳи ватанӣ ва босифат анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд