27 Июн 2025
27 июн дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳи хосса ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил гардид.
Дар ҳамоиши бошукӯҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, ҳозирин ва кулли сокинони шарафманди вилоятро ба ин ҷашни сарнавиштсоз таҳният гуфта, таъкид дошт, ки таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ нишонаи эҳтироми баланди мардум ба арзишҳои сулҳ, субот, ягонагӣ ва оромии ҷомеа мебошад.
Раиси вилоят дар баромадаш аз нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи 27 июни соли 1997 роҳи рушди кишварро кушода, хатари аз байн рафтани давлати тоҷиконро бартараф сохт.
Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин иброз дошт, ки маҳз бо шарофати ваҳдат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат кишвар тавонист барномаҳои муҳими стратегии худро амалӣ намуда, ба марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ворид шавад.
“Мардуми тоҷик имрӯз хуб дарк мекунанд, ки тамоми пешравию дастовардҳои миллӣ зодаи сулҳу субот ва ваҳдати саросарии ҷомеаанд,” — таъкид намуд Раиси вилоят.
Тазаккур дода шуд, ки аз ҷониби кишварҳои гуногуни дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун таҷрибаи камназири ҳалли мухолифатҳо эътироф гардида, мавриди омӯзиш, тарғиб ва баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ба унвони намунаи ибрат барои таҳкими сулҳу субот дар кишварҳои мухталифи олам истиқбол намуда, бархурдорӣ ва огаҳӣ аз ин рўйдоди босаодатро рукни муассир дар таъмини ваҳдати қавмиву миллӣ барои аксари кишварҳои дунё арзёбӣ кардаанд. Баробари ин, дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик шахсияти сулҳовар ва меъмори воқеии ваҳдатро шинохтаву ба ҷаҳони муосир муаррифӣ намуданд, ки воқеан санади ифтихори тамоми мардуми кишвари азизамон маҳсуб меёбад.
Аз ин лиҳоз, имрӯз дарки мафҳуми ваҳдат, волоияти манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлат арзиши бештар пайдо намуда, моро вазифадор менамояд, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ, гиромидошти арзишҳои волои давлатдорӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош намоем.
Дар охир барномаи консертӣ, ки сарҷамъӣ ва ваҳдатро тараннум мекард, намоиш дода шуд.
Ҷашни имсола бори дигар собит сохт, ки ваҳдати миллӣ рукни асосии пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, ҳамчун бузургтарин дастоварди миллат арзишу манзалати хоса дорад.