(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИстиқрори сулҳ – дастоварди беназир

Ҳамшаҳриёни азиз!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Рўзи ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарии Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки «Мусолиҳаи миллии мо дар таърихи навини миллати кўҳанбунёдамон даст-оварди бузург ва беназир аст.

Аз ин рў, ҳар фарде, ки худро фарзанди Тоҷикистон медонад ва қадру манзалати Тоҷикистонро азиз мешуморад, бояд ба ин дастовард ҳамеша эҳтиром гузорад ва таҳкими ваҳдати миллиро рисолати шаҳрвандиву қарзи фарзандӣ дониста, ба халалдор гардидани он ҳаргиз роҳ надиҳад».
Инак, мо дар арафаи ҷашни муқаддас, яъне 28-солагии рўзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бешак, барои миллати тоҷик Рўзи ваҳдати миллӣ санаи муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад ва бо гузашти солҳо арзиши он бештар мегардад, зеро дар айёми бурхўрди тамаддунҳо, ҷаҳонишавии босуръат, ҷангу низоъу терроризм, фақат бо ҳамдиливу сулҳхоҳӣ, ватандориву садоқати самимӣ ба Ватани маҳбуб – Тоҷикистони азиз, мо метавонем ваҳдати миллии хешро мустаҳкаму қавӣ гардонем ва ба наслҳои оянда онро расонем. Дар партави сиёсати ваҳдатоину ояндаандеши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар роҳи рушду тараққиёти бонизом қарор дорад.
Ваҳдати миллӣ афроди миллатро муттаҳиду нерўҳои зеҳниву ҷисмонии онҳоро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои умумӣ мутамарказ карда, миллатро ҳамчун низоми иҷтимоӣ ва сиёсӣ ташаккул медиҳад.
Воқеан ҳам, ин ҳуҷҷат сарчашмаи сулҳу ягонагӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқати мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ воқеан ҳам, санаи тақдирсоз ва саодатофарин, оғози созандагиҳои бузург дар Тоҷикистони навин аст.
Барои мо ифтихори бузург аст, ки сулҳи тоҷикон ҳанўз ҳам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мояи омўзиш қарор дорад ва кишварҳои ҷаҳон аз ин сабақи таърихии тоҷикон пайравӣ мекунанд.
Шаҳри бостонии Хуҷанд дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода сол аз сол рушду нумўъ дорад.
Бунёди корхонаву муассисаҳои саноатӣ, гулгашту хиёбон, иншооти таъйиноташ гуногун, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ ҳама бозгўи онанд, ки Ватани мо ба ҳадафҳои пешгузоштаи хеш ноил гардида, ба мардум зина ба зина зиндагии шоиста муҳайё шуда истодааст.
Мо минбаъд низ, дар ҳамбастагию шукргузорӣ аз Ватани соҳибистиқлол, аз ин неъмати бузург – сулҳи бебозгашти тоҷикон, аз ваҳдати милли-амон, хонаи умумии тоҷикони ҷаҳон – Тоҷикис-тонро бо меҳнати сидқидилонаву садоқати бепоён ҳифз мекунем, тамоми нерўи хешро ба он равона месозем, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мавқеи худро боз ҳам устувор гардонад.
Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли Тоҷикистон ду шохаи як дарахти бузурги Тоҷикистонанд ва хуҷандиён барои сазовор ҷашн гирифтани Рўзи ваҳдати миллӣ ва истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талоши хешро равона месозанд. Мафҳумҳои Истиқлолият, Тоҷикистони обод, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ барои ҳар фарди тоҷик муқаддасу гиромӣ аст ва онро барои насли нав нигоҳ доштан, вазифаи виҷдонии ҳар нафари фардосоз аст.
Бори дигар, кулли ҳамватанон, хуҷандиёни азизро бо ифтихору шодмонӣ бо ин санаи фархунда – Рўзи ваҳдати миллӣ шодбод мегўям. Бигузор, фарзандони миллат зери осмони софу беғубор умр ба сар баранд, сулҳу субот дар кишвар пойдор монад ва ваҳдату ҳамдилии тоҷикон ҷовидон бошад.
Иди ваҳдати миллӣ муборак, сокинони сарбаланди Хуҷандшаҳр!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...