(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt25 июни соли 2025 дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори шуъбаи маорифи шаҳр ва дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оила конференсияи имлӣ-адабӣ таҳти унвони "Ваҳдати миллӣ - пояи сулҳ" баргузор гардид.

Дар конференсия мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Кенҷазода Манучеҳра, собиқадори хизмати давлатӣ Маҷидзода Муҳаббат иштирок намуда, доир ба мавзуъҳои "Ваҳдати миллӣ - омили асоси суботи ҷомеа", "Ваҳдат - бақои миллат", "Сулҳу осоиштагӣ аз Ваҳдат аст" ибрози андеша намуданд.
Қайд карда шуд, ки 28 сол аст, мардуми тоҷик ва ҳамаи тоҷикистониҳо дар зери таассуроти бузурги Созишномаи истиқлоли сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, зиндагӣ карда ба ояндаи худ бо назари нек менигаранд.
Бо шарофати таҳкими Ваҳдати миллӣ сулҳу суботи комил ва фазои орому беғубор дар диёри Тоҷикистони азиз ҳукмфармо буда, аз файзу баракати он сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худогоҳиву ифтихори миллии мардуми кишвар боло рафта, Тоҷикистон ба сўи амалишавии ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор мегузорад. Таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки бо дарназардошти дастовардҳои ин даврон эътибору мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафта, рушди муътадили низоми иқтисоди миллӣ таъмин карда шуда, дар заминаи арзишҳои волои Конститутсия барои бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ки дар он эҳтирому ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал мебошад, заминаи воқеӣ гузошта шавад.
Дар қисмати дигари конференсия як зумра омӯзгорон, собиқадорон ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷом барномаи адабӣ - фарҳангии ҳунармандон ва кӯдакону наврасон, ки иборат аз суруду таронаҳо бахшида ба Сулҳу Ваҳдат, Ватан-модар, Тоҷикистон ва тараннуми Ваҳдату якдилӣ буд, хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...