24 Июн 2025
Саломатӣ — сарвати бебаҳоест, ки нигаҳдории он вазифаи муқаддаси ҳар инсон мебошад. Маҳз бо дарки аҳамияти волои ин неъмат, дар шаҳри Хуҷанд иқдомҳои муҳим ҷиҳати таҳкими саломатии аҳолӣ пайваста роҳандозӣ мегарданд. Яке аз чунин ташаббусҳои муҳими иҷтимоӣ баргузории “Корвони саломатӣ” аст, ки бо фарогирии табақаҳои гуногуни ҷомеа ба таври мақсаднок амалӣ мешавад.
Чорабинии навбатии “Корвони саломатӣ” дар Маркази саломатии рақами 2-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Ин маърака бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд ва дар доираи амалисозии Стратегияи миллии солимии аҳолӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии мардум ва дарёфти саривақтии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ мебошад.
Дар ҷараёни баргузории чорабинӣ, табибони соҳавӣ ба сокинон машварату муоинаи тиббии ройгон пешниҳод карданд.
Ҳамзамон, кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Хуҷанд низ дар ин чорабинӣ ширкат варзида, байни шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд