(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар МТМУ №28 бо хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон иштирок намуда, мақомҳои ифтихориро касб намуданд, мулоқот намуда, онҳоро аз 400 то 2000 сомонӣ қадршиносӣ кард. Ҳамчунин омӯзгорони беҳтарин ва муассисаҳои таълимии намунавӣ низ аз ҷониби шаҳрдор бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни суханронии худ таъкид дошт, ки имрўзҳо дар тамоми гўшаву канори Ватани соҳибистиқлоламон аҳли ҷомеа барои бо дастовардҳои арзанда таҷлил кардани ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳимматро мустаҳкам баста, софдилона дар ҳама соҳаҳо баҳри рушду нумўи ҳамаҷонибаи кишвари азизамон заҳмат кашида истодаанд. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму талоши собитқадамонаи ҳамватанон шаҳру навоҳии мамлакат бо сохтмон ва бунёди садҳо иншооти замонавӣ боз ҳам ободу зебо гардидаанд.
Зикр гардид, ки дар ин лаҳзаҳои бисёр фараҳафзо ҳар яки мо ба хотири он ҷамъ омадаем, ки беҳтарин толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷандро, ки дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори мақомҳои ифтихорӣ гардидаанд, қадршиносӣ намоем.
Дар Паёми хеш дар баробари дигар соҳаҳо, Пешвои муаззами миллат ҷиҳати рушду инкишофи мактабу маориф фикру мулоҳизаҳои судмандро баён карда, бори дигар изҳор намуданд, ки: «Ҳадафи ниҳоии мо бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи пешрафта, инчунин аз расму оин ва арзишҳои миллии маънавӣ ва ахлоқӣ тарбия кардану ба камол расидани наслҳои закиву донишманд ва соҳибмаърифату соҳибмаълумот мебошад, то дар оянда тақдири давлату миллати худро ба даст гирифта тавонанд»
Хушбахтона, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ тариқи онлайн ва интихобӣ сол то сол зиёд гардида истодааст. Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ, фосилавӣ дар соли таҳсили 2024-2025 - 1102 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар кишварҳои Россия, Ўзбекистон, ИМА, Малайзия, Индонезия, Арабистони Саудӣ, Бразилия иштирок намудаанд.
Ҳамзамон бояд хотирнишон намоем, ки аз байни 22 000 иштирокчиён аз 117 давлати дунё дар олимпиадаи байналмиллалии “STЕM” ва дар мусобиқаи байналимллалии “Coding” толибилмони шаҳр иштирок намуда, дар натиҷа сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар олимпиадаи байналмиллалии Тинилинг толибилмони муассисаҳои таълимӣ сазовори 5 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2024-2025 тибқи Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Олимпиадаи фаннии хонандагон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд олимпиадаи фаннии хонандагон гузаронида шуд, ки дар он 18309 нафар иштирок намуданд. Дар умум, дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннии хонандагон 450 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар даври вилоятии олимпиадаи фаннии хонандагон - 450 нафар иштирок намуда, аз он 314 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон - 252 нафар иштирок намуда, аз он 154 нафар, аз ҷумла ҷойи 1-15 нафар, ҷойи 2-27 нафар ва ҷойи 3-111 нафар ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии ғолибони даври ҷумҳуривии олимпиадаҳои фаннии хонандагон аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд 134 600 (якчаду сию чор ҳазору шашсад) сомонӣ маблағ ҷудо гардида, раванди дастгирии хонандагони болаёқат, ки ба дастоварду комёбиҳои шоиста ноил гардидаанд, минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат таъкид намудаанд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ, муаллим - омўзгор ва хазинаи маънавию илмии ў ба шумор меравад. Аз ин рў, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омўзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».
Сипас аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар вазъияти тантанавӣ бо хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон мақомҳои ифтихориро касб намуданд, маблағҳои пулӣ, диплом тақдим гардид. Ҳамчунин омӯзгороне, ки дар ин самт заҳмат кашидаанд, аз тарафаи шаҳрдорӣ қадршиносӣ шуданд.
Фирдавс Шарифзода ҳамчунин Ҷомеаи меҳнатии Литсейи физикӣ математикии №1 ба номи академик М.Осимӣ, литсей барои хонандагони болаёқат, литсейи Донишкадаи политехникии ба номи академик М.Осимӣ ва Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби П. Пӯлотов”-ро барои афзун намудани даствардҳо ҳавасманд намуд.
Хонандагон барои чунин ғамхорию эҳтимом ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...