19 Июн 2025
Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба мумфаршкунии қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои маҳаллаи Себзор ҳусни оғоз бахшида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии роҳҳои мумфаршшаванда 8800 метри мураббаъро ташкил дода, ин иқдом бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ мегардад.
Таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингард ҷиҳати таъмин намудани ҳаракати бемамониати нақлиёт аҳамияти муҳим дорад.
Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи меъёрҳои техникӣ ва бо сифати баланд дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода шаванд.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва иқдомҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корҳои созандагиву ободонӣ дар маркази вилоят вусъат ёфта, симои шаҳри Хуҷанд рӯз аз рӯз зеботар мегардад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд