18 Июн 2025
Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, “Корвони саломатӣ” дар Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Чорабинӣ бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади тақвияти корҳои оммавию фаҳмондадиҳӣ барои дарёфти саривақтии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ роҳандозӣ гардид.
Зимни баргузории маъракаи мазкур, мутахассисони соҳаҳои гуногун ба аҳолӣ хизматрасонии тиббии ройгон пешниҳод намуданд.
Мутахассисони баландихтисос беморонро муоина карда, тавсияҳои муфид ҷиҳати пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои гуногун пешниҳод карданд.
Инчунин, кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Хуҷанд дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ба роҳ монда, маводҳои иттилоотиро байни ташрифовардагон тақсим намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд