18 Июн 2025
Дар толори гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд маросими супоридани ҷоизаҳои даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Мақсудзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2025 сол, №АП-710, Қарори Раиси вилояти Суғд аз 31.01.2025 сол, №32 ва Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 09.04.2025 сол, №193 оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» ва баҳри амалисозии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040», рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби бештари хонандагони муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омўзишӣ фанҳои риёзӣ, дақиқ даври якум ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурўғи маърифат» дар миқёси шаҳр гузаронида шуд.
Бо ин мақсад барои баргузории даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” мутобиқ ба қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 180 800 (яксаду ҳаштод ҳазору ҳаштсад) сомонӣ маблағ равона карда шуд, ки танҳо барои қадрдонӣ намудани иштирокчиёни озмуни мазкур 107 000 (як саду ҳафт) ҳазор сомонӣ ва барои қадрдонии омӯзгорон 48 000 (чилу ҳашт) ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.
Ҷоиз ба қайд аст, ки имсол барои ишғоли ҷойи аввал байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидой касбӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типпи нав (Литсей, гимназия ва мактабҳои хусусӣ)
- 1000 (як ҳазор) сомонӣ барои як нафарӣ аз рӯи 8 номинатсия;
- Барои ҷойи дуюм 600 (шашсад) сомонӣ барои 2 нафарӣ аз рӯи 8 номинатсия;
- барои ҷойи сеюм 400 (чорсад) сомонӣ барои 3 нафарӣ аз рӯи 8 номинатсия муайян гардидааст.
Ба ҳамин монанд ҳаҷми маблағҳои ҳавасмандгардонӣ байни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун ба маротиб афзуд.
Дар озмун 307 нафар хонандагон, 162 нафар донишҷуён, 18 нафар шахсони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғӣ маърифат” 96 нафар хонандагон, 48 нафар донишҷӯён, 12 нафар шахсони касбу кори гуногун роҳхат гирифтанд.
Дар умум дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғӣ маърифат” 156 нафар довталабон аз шаҳри Хуҷанд иштирок мекунанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд