(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум кори худро оғоз намуд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Иҷлосияро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар кори Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтум вакилони шаҳрӣ, муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр даъват шудаанд ва дар толор ҳозиранд.
Зикр шуд, ки дар иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода низ ҳузур дорад.
Аз рӯйи масъалаи якум “Дар бораи рафти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Ҷамшед Набизода маърӯза намуд.
Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, дар яке аз суханрониҳояшон чунин таъкид намудаанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, Истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ гирифтори тафаккури ғуломона гашта, Истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».
Бояд зикр намуд, ки маҳалгароӣ, бегонапарастӣ, тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрўза - экстремизм, терроризм ва дигар ҷараёнҳо омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлоли давлатӣ мебошанд.
Чунонки ҳамагон огоҳем, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҳамоиши якуми сарони давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, ки дар Арабистони Саудӣ доир гардид, бори дигар ба тамоюлҳои геопалитикии ҷаҳони имрўза, аз ҷумла экстремизм ва терроризм таваҷҷўҳ намуда, таъкид намуданд, ки “Дар шароити кунунии шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои глобалии амниятӣ кишварҳо моро зарур аст, ки барои ҳалли қазияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра ба таври муассир роҳандозӣ намоем”.
Агар ба таърихи на чандон дури оғози Истиқлоли давлатиамон таваҷҷўҳ намоем, қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлоли давлатӣ ҳама гуна ниятҳои ғаразноки худро равона намуда буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ доданд ва дар натиҷа, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд.
Мавқеи Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон аз суханон ва мавқеъгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хубӣ дарк намуд.
Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ низ масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризм ҳамчун мавзўи глобалии ҷаҳони имрўза ва сўйистифода гардидани арзишҳои волои дини ислом, ки боиси роҳандозии низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар кишварҳои Ховари Миёна гардидааст, ба таври хоса таъкид карда шуд.
Пешвои миллат аз ҷумла таъкид намуданд, ки дар шароити рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрўз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд. Зеро рўйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.
Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар кишварҳои ҳамсоя – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.
Хулоса, имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Аз ин лиҳоз, мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишваррҳои дунёро дар пешорўи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Сарвари кишвар чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намуданд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надошта, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мегардад, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Ҷамшед Набизода гуфт, ки назорати дуруст ва самараноки татбиқи қонунҳо, иҷрои сари вақтии қарорҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳои содиргардида дар ин самт омили муҳими идоракунӣ ба ҳисоб меравад. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии Созмони милали муттаҳид оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад. Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Президенти мамлакат 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Инчунин баҳри мукаммал ва пурзўр намудани муқовимат ба тероризм ва экстримизм қонун дар таҳрири нав 2 январи соли 2020 ва 23 декабри соли 2021 қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст. Инчунин, соли 2021 бо Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дубора тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», қарори Раиси вилоят аз 17 октябри соли 2021, №485 «Дар бораи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва қарори Раиси шаҳр аз 26 ноябри соли 2021, №455 қабул карда шудааст.
Тибқи банди 2 қарори номбурда Нақшаи дохилиидоравии шаҳрӣ оид ба татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 иборат аз 27 банд ва 65 зербанд тасдиқ карда шуда, барои иҷро ба сохторҳо, ташкилоту идораҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастрас карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз қабул намудани Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирии паҳншавии ғояҳои экстремистӣ ва террористӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм ба шумор меравад.
Дар музокираи масъалаи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои қонуният, ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудудӣ, вакили шаҳрӣ Азимҷон Иброҳимзода баромад намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода масъулини дахлдорро дар самти татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” вазифагузорӣ намуд, то ин ки дар ин ҷабҳа чораҳои мушаххас ва амалӣ андешида шавад.
Дар баррасии масъалаи сеюми рўзнома дар бораи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ раиси комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншоотои таърихию ҷуғрофӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ №12, муовини Раиси шаҳр Муяссара Қаҳҳорӣ баромад намуда, доир ба номгузории як қатор кӯчаҳои шаҳр ба номи шахсони хизматнамуда тибқи қарори комиссия маълумот манзур намуд.
Дар масъалаи чоруми рўзномаи иҷлосия «Дар бораи тасдиқ намудани рўйхати маҳаллаҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, ки дар он ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҷойгир шудаанд» Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муҳиддин Файзуллоев маърӯзаи илмӣ намуд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Рифъат Ҳоҷиев, № 28, аъзои комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат ва энергетика, коммуникатсия, нақлиёт ва шаҳрсозӣ Сўҳроб Самадзода «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд» маърӯза кард.
Дар ҷараёни иҷлосия як қатор қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҷониби вакилон тасдиқ карда шуд.
Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Раиси вилояти Суғд дар иҷлосия баромад намуда, андешаҳои хешро доир ба мавзуъҳои баррасишуда баён дошта, аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъват ба амал овард, ки дар корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузорӣ намуда, ба ин васила дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Хуҷанд нақши хешро гузоранд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кори Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати ҳафтумро натиҷагирӣ намуда. аз ҷумла афзуд, ки вазъи ҷаҳони муосир оид ба доман паҳн намудани амалҳои номатлуби ифротгароёнаи экстремизму терроризм, ки бо ҳар роҳу восита аҳли башарро ба ташвиш овардааст, ҳеҷ як нафар инсони солимақлу соҳибиродаро бетараф гузошта наметавонад. Тоҷикистони азизи мо, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ даҳшати ин амали ғайриинсониро аз сар гузаронидааст, дар мубориза бо он ҳамеша пешсафу фаъол мебошад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, ки он асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба экстремизмро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, ки он принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, далели ин гуфтаҳост.
Ҷиҳати моҳияти дарк намудан ва иҷрои ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ фаъолияти якҷояи масъулин, аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар яки мо, вакилон ва фаъолони шаҳр, хеле муҳим мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём аз 28 декабри соли 2024 қайд карданд, ки “Ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”.
Аз ин лиҳоз фаъолияти дастаҷамъонаи мо ба он нигаронида шавад, ки пеш аз ҳама мафкураи ҷавонони мо ақидаҳои бегонаро напазиранд ва дар ҳифзи оила, ҷомеа ва давлати худ устувор пофишорӣ намоянд. Бояд ҷавонони ватандўсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷўёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд гузоранд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми Хуҷандшаҳр барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро бо эҳсоси гарми ватандўстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созанда иқдом намуда, арзишҳои олии инсонӣ, чун ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, фарҳанги олии инсониро тарғибу ташвиқ намуда, аз ин роҳ зиддиятҳои мафкуравиро аз миён бардорем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардошта, обрўи Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшида, бо дастовардҳои боз ҳам бештар ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегирем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...