15 Июн 2025
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат меёбад.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар соҳили рости дарёи Сир бо ҷараёни сохтмони роҳраву иншооти фароғатии он шинос гардиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар асоси лоиҳа аз пули куҳнаи шаҳр то пули «Ҷашнӣ» ба дарозии 2 км ва паҳноии 8 метр роҳрав бунёд шуда, дар шиногоҳ ва роҳрав таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳо гузошта шудаанд.
Алҳол корҳои сохтмонӣ дар соҳили рости дарёи Сир, аз пули куҳнаи шаҳр то Осоишгоҳи бемориҳои шараёни дили вилоят сохтмони роҳраву иншооти фароғатии он бомаром идома дорад.
Дар маҷмуъ, ин мавзеъ ба макони истироҳативу варзишӣ табдил ёфта, айни замон корҳои бартарафсозии иншооти ғайриқонунӣ ҷойгиршуда идома дорад.
Раиси вилоят ба масъулин барои татбиқи лоиҳа ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳо супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки соҳили дарё ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинон ба ҳисоб меравад ва бо назардошти ин бояд минтақаи истироҳатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд