Ҷараёни сохтмони бинои нави таълимии Факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад
15 Июн 2025
Бо мақсади таҷлили шоистаи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад. Тибқи нақша-чорабиниҳо 950 иншоот сохта мешаванд. То ба имрӯз 900 иншоот сохта шудааст, ки зиёда аз 94 фисади нақшаро фаро мегирад. Дар ин радиф дар ҳудуди бинои маъмурии Факултети №4-и Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бинои нав бо тарҳи замонавӣ қомат хоҳад афрохт.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни корҳои сохтмони ин иншоот шиносоӣ пайдо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари лоиҳа Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, бинои маъмурии сохташаванда аз таҳхона ва шаш ошёна иборат ва дар он тамоми инфрасохтори зарӯрӣ дар назар дошта шудааст. Дар бинои мазкур ошхона, хобгоҳ, 17 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ барои 500 нафар, утоқҳои корӣ пешбинӣ гардидааст.
Интизор меравад, ки иншооти мазкур дар моҳи июли соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Алҳол зиёда аз 100 нафар сохтмончиён дар ин иншоот заҳмат кашида истодаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба масъулини сохтмон дастур дод, ки корҳо босифат ва дар муҳлати муайяншуда анҷом дода шавад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд