15 Июн 2025
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр бо ҷараёни сохтмони корхонаи нави ҶДММ «Дороинвест» шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави истеҳсолӣ бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат сохта шуда, дар он коркарди меваву сабзавот ва банду басти он ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти тайёри ширкат асосан барои содирот пешбинӣ гардидааст.
Тавре мушоҳида гардид, корҳои асосии сохтмонӣ ба итмом расида, дар биноҳои корхона таҷҳизоти муосир, ки аз кишварҳои аз Олмону Чин ворид шудааст, насб гардидааст. Алҳол истеҳсоли озмоишии он ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбари ширкат ҷиҳати тақвияти корҳои ободонӣ, харидории маҳсулоти хом ва омӯзиш ва ҷалби шаҳрвандон ба кори доимӣ дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд