15 Июн 2025
Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ, масъулини обу корези шаҳри Хуҷанд лоиҳаи сохмони шабака ва пойгоҳи партовоббардори хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардид.
Тавре маълумот дода шуд, бо назардошти зиёд гардидани аҳолии шаҳр, афзудани шумораи биноҳои истиқоматии баландошёна, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти зарурӣ зарурати навсозии хатти ташноби хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ба миён омадааст.
Тибқи иттилоъи масъулин аз ҷониби ширкати “Муҳандисони ояндасоз” лоиҳаи сохмони шабака ва пойгоҳи партовоббардори хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд таҳия гардида, он бо маблағгузории ширкатҳои сохтмонии ватание, ки дар хиёбони Раҳмон Набиев биноҳои баланошёна бунёд намуда истодааст, сохта мешавад.
Дарозии лӯлаи обу ташноб 2100 метр буда, ҳангоми навсозӣ қубурҳои қутрашон 800 мм истифода бурда хоҳад шуд. Ҳамчунин дар кӯчаи Мақсудҷон Танбурии шаҳри Хуҷанд 2 лӯла дар масофаи 400 метр хобонида мешавад.
Иҷрои корҳо аз ҷониби КВДК “Хуҷандобуканал” бо ҷалби дигар ширкатҳои ватанӣ амалӣ карда хоҳад шуд.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати омода намудани лоиҳаи навсозии лӯлаи обу ташноб бо назардошти талаботи замони муосир ва оғози корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд