12 Июн 2025
Масоили ҳамкории бародаршаҳрҳои Хуҷанду Магилёв имрӯз дар вохӯрии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо Анатолий Якубенко, муовини Раиси шаҳри Могилёв ва ҳайати ҳамроҳонаш барррасӣ гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз таҳкими ҳамкориҳо ёдоварӣ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи Осиёи Марказӣ буда, дар замони муосир имрӯз ҳамчун маркази маъмурии вилояти Суғд шинохта шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд беш аз 320 корхонаҳои саноатӣ ва зиёда аз 1000 ширкатҳои хурду миёна фаъолият дорад. Имрӯз шаҳри Хуҷанд ба зиёда аз 40 кишварҳои хориҷӣ молу маҳсулоти хешро содирот менамояд.
Анатолий Якубенко, муовини Раиси шаҳри Могилёв, ки барои иштирок ба Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» ва Форуми имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа, ки санаҳои 12-14-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ташриф овардааст, изҳори омодагӣ намуд, ки баҳри тақвияти ҳамкориҳо ва рушди соҳаҳои мухталифи шаҳрҳои Могилёв ва Хуҷанд аз тамоми имконот истифода хоҳад намуд.
Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои ду бародаршаҳрро дар сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Белорус муҳтарам Александр Лукашенко арзёбӣ намуда, омодагии хешро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо изҳор доштанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд