09 Июнь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар маҷлисгоҳи Муаcсисаи давлатии “Қалъаи Хуҷанд” доир ба баланд бардоштани иқтидори намояндагони созмонҳои шаҳрвандӣ дар самти амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амали он бо иштироки масъулин ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон” барномаи омӯзишӣ сурат гирифт.
Таъкид шуд, ки ҳадафи барномаи омӯзишӣ ин мусоидат ба беҳтаргардонии табодули дониш, робита ва ҳамкории байни созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ дар татбиқ Стратегияи 2 дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ “Таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ тавасути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳо дар байни ҷавонзанон ва ҷавонмардони ба ифротгароӣ осебпазир мебошад.
Масъулин изҳор доштанд, ки баланд бардоштани иқтидори намояндагони созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025, раванди татбиқ ва мониторинги амалисозии онҳо дар асоси муносибатҳои муштарак ва шарикии онҳо аз мақсадҳои дигари семинари омӯзишӣ мебошад.
Дар ҷараёни барномаи омӯзишӣ мавзуъҳои муҳим, аз қабили қонунгузории миллӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм,тақвияти малакаҳои ҳуқуқии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм, асосҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат террорим ва экстремизм барои солҳои 2021-2025, тарзи муқовимат бо иттилооти бардурӯғ ва қалбакӣ, пешгирии таъсироти манфӣ ва шинохти манбаи нав, ҳамкориҳои босамари мақомоти давлатӣ бо созмонҳои ҷомеаи шаҳвандӣ дар муқовимат бо экстремизм ва терроризм, роҳҳо ва усулҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷоемаи шаҳвандӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва ғайраҳо баррасӣ шуданд.
Семинар бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







