(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМардуми шарафи Хуҷанди бостонӣ бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, фазои орому амну осоиштагӣ ва рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ Иди Қурбонро таҷлил намуданд.

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масчиди марказии Шайх Маслиҳаддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, ҳозиринро бо Иди Қурбон таҳният гуфтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки боиси ифтихор аст, ки таҳти сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлоли давлатӣ ва дунявияти он дар Ватани маҳбубамон барои пайравони ҳамаи адён имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодӣ фароҳам оварда шудааст.
Иди саиди Қурбон ва муҳимтарин арзишҳои неки он низ маҳз дар баробари дигар расму ойинҳои миллӣ, идҳои таърихӣ ва динии халқи тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ аз нав эҳё гардида, бо шукуҳи хоса таљлил мегардад.
Раиси вилоят гуфт, ки моҳияти таҷлили Иди саиди Қурбон, пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки он инсонҳоро ба шинохти қадру манзалати ҳамдигар, дарки рисолати инсонии худ ва анҷом додани беҳтарин амалҳо даъват менамояд. Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, аз ҷумла ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону ниёзмандон ва дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар як шахс бояд онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ, аз ҷумла дар айёми ид эҳтиром ва риоя намояд”. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо вазифадорем, ки ба хотири анҷом додани қарзи инсонии хеш, қабл аз ҳама барои аҳли оила ва фарзандони худ шароити мусоиди зиндагиро вобаста ба омўзиши илму донишҳои замонавӣ, азхуд кардани касбу ҳунар, забономӯзӣ ва ғайра муҳайё сохта, дар маҷмўъ барои ҷисману рўҳан солим ба воя расидани онҳо саъю талош намоем. Зеро маҳз ҳамин тадбирҳо ва ҷанбаҳои маънавии Иди Қурбон барои пойдории оилаҳо, инчунин ҳамчун шахсони соҳибмаърифат, ватандўст, худшиносу худогоҳ ва дар руҳияи садоқат ба халқу миллат ба воя расидани фарзандон нақши муҳим мегузоранд.
Зикр шуд, ки аз касе пўшида нест, ки вазъи имрўзаи ноороми ҷаҳон, аз ҷумла буҳронҳои шадид, тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобии пайдарҳам ва низоъҳо дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра боиси баланд гардидани нархи маҳсулоти ғизоӣ ва осебпазир гардидани суботу оромии бархе кишварҳо гардида истодааст. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки ҳангоми ба ҷо овардани маросиму маъракаҳо ва расму ойинҳои динӣ ба намоишкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳем, мувофиқи суннатҳои инсонпарваронаи халқамон дар арафаи иду ҷашнҳо ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон, хонаҳои кӯдакону пиронсолон ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ ёрмандӣ намоем, дар атрофи ғояҳои давлату миллат боз ҳам бештар муттаҳид гардида, бо шукргузорӣ аз тинҷию осудагӣ дар таҳкими ваҳдату ҳамандешӣ, ободию шукуфоӣ ва пешрафти Тоҷикистони ободу озодамон саҳмгузор бошем. Зеро чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, “моҳияти инсондӯстии таълимоти дини мубини ислом низ маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб инъикос меёбад”.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки сокинони вилоят таҳти сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳлона кору фаъолият намуда, барои бо дастовардҳои шоиста пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...