(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода ҷаласаро ҳусни оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласа аъзоёни Шӯро, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, нозирони минтақавӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масоҷид ва дигар шахсони масъул ҳузур доранд.
Раиси Шӯро Бахтиёр Нозимзода зикр дошт, ки дар ҷаласа ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, вазъи ҷинояткории ноболиғон ва ҷиноятҳо нисбати онҳо дар давраи солҳои 2023-2024 ва семоҳаи якуми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон борҳо таъкид намудаанд, ки тарбияи насли наврас яке аз вазифаҳои муҳими ҳам ҷомеа ва ҳам давлат буда, дар симои насли наврас мо насли ояндасози давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинем.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2011 бо мақсади пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд„ қабул гардид, баъдан соли 2024 ин қонун бо дарназардошти таъғиротҳо дар ҳаёти ҷомеа ва таклифу пешниҳодҳо пурра дар таҳрири нав ва бо номи нав кабул гардид.
Ҳамзамон бо максади ба таври дахлдор амалӣ намудани талаботи Қонун аз 08.02.2027 сол Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”” қабул гардид.
Тибқи ин Фармон Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими ҷашну маросим, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот иҷрои меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак ”-ро тибқи замима вобаста ба самти фаъолияташон таъмин менамоянд.
Сипас, ёрдамчии прокурори шаҳр Беҳрӯз Абдулмаҷидзода вобаста ба масъалаи мазкур маърӯза намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас чораҳои зарурӣ андешида, бо сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таъминоти онҳо бо лавозимоти хониш, омӯзгорони баландихтисос ва баланд бардоштани музди меҳнати онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт ба пешравиҳо ноил шуда истодаем.
Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд 52 муассисаи таълимии миёнаи умумӣ, 4 ададӣ гимназия ва литсей, 1 мактаб-интернат фаъолият намуда, дар онҳо 46 ҳазору 279 нафар хонандагон аз ҷониби 2 ҳазору 647 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модарон, омӯзгорон ва мақомоти масъули давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” қабул карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки оила, мактаб ва ҷомеа барои рушди кӯдакон саҳми босазо дошта, барои рушди онҳо шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Вале, санҷиш нишон дод, ки баъзе падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон саҳлангорона муносибат намудаанд, ки боиси аз талиму тарбия дур мондани онҳо ва содир кардани қонунвайронкунӣ ва ҷиноятҳо гардидааст.
Дар асоси моддаи 15-и Қонуни зикргашта падару модарон дар таълиму тарбияи кӯдак уҳдадор буда, вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашуда, шароитҳои заруриро муҳайё созанд ва бо ин мақсад кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намоянд. Вале, таҳлил нишон дод, ки дар давраи ҷамъбастӣ нисбати чанде аз падару модарон барои монеъагӣ ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон уҳдадоранд, ки кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъана, фарҳанги миллӣ, волоияти қонун ва бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд. Мутаассифона ҷамъбасти вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” нишон дод, ки бо сабаби дар баъзе муассисаҳои таълимӣ паст будани тарбияи кӯдакон ба эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ба Ватан, худшиносии миллӣ ҳолатҳои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ошкор ва нисбати якчанд нафар бо моддаи 343 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ёрдамчии прокурори шаҳр Беҳрӯз Абдулмаҷидзода дар баромади худ доир ба паҳлӯҳои дигари вазъи иҷрои қонунгузории дар боло ёдоваршуда маълумоти муфассал дод.
Сипас, доир ба масъалаи мазкур Шаҳноза Мақсудзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, Муҳаммад Асоев, сардори шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр, Абдувосит Ғафуров, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои дини вилоят, Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва дигарон маърӯзаҳои иловагӣ намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон азъоёни Шӯро: сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Аваз Азиззода, сардори шуъбаи дар шаҳри Хуҷанд будани РКДАМҶТ дар вилояти Суғд Меъроҷиддин Салимов доир ба мавзуъи баррасишуда изҳори андешаронӣ намуданд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода масъулини дахлдор, аз ҷумла роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, нозирони минтақавии милитсия, кор бо ноболиғони мақомоти милитсия, шуъбаи кор бо занон ва оила, уламои дин, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигаронро ҷиҳати иҷрои сифатноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” вазифагузорӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.
Бо вазифагузориҳои дигар ба кори Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд ҳусни анҷом бахшида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...