(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИди Қурбон – иди некиву накўкорӣ

Шаҳрвандони гиромӣ, ҳамшаҳриёни азиз!

Мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ба эҳёи суннату анъанаҳои неки ниёгон, таҷлили иду маросим ва анъанаву суннатҳои милливу динӣ иқдом намуд ва иди Қурбон аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили сабру таҳаммул, некиву некўкорӣ, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу табор, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон, хайру эҳсон ба ятимону маъюбон ва дармондагону ниёзмандонро ташкил медиҳад.

Ба ин муносибати нек аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фарорасии Иди саиди Қурбонро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, ба хонадонатон осоишу ободӣ, саодати рўзгор ва тани сиҳату хотири ҷамъ орзу менамоям.
Боиси сарфарозист, ки мардуми Хуҷанди бостонӣ мисли дигар шаҳру навоҳии кишвар Иди саиди Қурбонро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, саъю талошҳои созанда ва бунёдкорона барои расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол намуда истодааст.
Ба шарофати истиқлоли давлатии кишварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросими суннатию динӣ соҳиби имкониятҳои фаровон гардид. Дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо мақоми мустаҳкамро соҳиб гашт. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар аксари мулоқотҳои худ таъкид мекунанд, ки дар шароити давлати озоди демократӣ ва дунявӣ имрўз имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини исломро дар байни афроди ҷомеа густариш диҳем.
Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохўрӣ бо аҳли ҷомеа ва дин таъкид намуданд: “Мардум ба ҷои корҳои дуввумдараҷа ба амалҳои хайру савоб аз қабили кўмак кардан ба хешу табори наздики ниёзманд, таъмири хона, дару бом ва расонидани ёрмандӣ барои пурра кардани маводи рўзгор ба хешу табори наздики ниёзманд, таъмиру тармими роҳ, мактаб, китобхона, беморхона ё бунгоҳи саломатии деҳаи худ машғул шаванд”.
Воқеан ҳам, хайрхоҳу дастгири бенавоёну бечорагон будан беҳтарин хислати инсонӣ буда, аз фазилатҳои Иди Қурбон маҳсуб меёбад. Ба шарофати он дастархони оилаҳои камбизоату ниёзманд ҳам ғанӣ мегар-дад, инсонҳои соҳибдилу ғамхор сари ятимонро сила мекунанд, ба аёдати пирону барҷомондагон ва одамони яккаву танҳо мераванд, меҳру муҳаббати ҳамагон афзоиш меёбад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва соҳибкорону шахсони саховатманд дар арафаи ин иди суннатӣ маъюбону дармондагон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кўдакони ятиму бепарасторро бо маводи озуқаву кўмакҳои моддӣ таъмин карданд.
Бояд хотиррасон шуд, ки дар замони муосир бо номи дини ислом гурўҳҳои иртиҷоии ҷаҳон амалҳои зиштро ба роҳ мондаанд ва барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии ин раванд мо бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳем, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоем ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем.
Боварии комил дорам, ки минбаъд низ мардуми сарбаланди Хуҷанди бостонӣ пуштибонии худро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода идома бахшида, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидонидани шаҳри азизамон саҳми босазо хоҳад гузошт.
Бори дигар, меҳмонон ва ҳамшаҳриёни азизро бо фарорасии Иди Азҳо, иди саиди Қурбон табрик намуда, ба ҳамагон хушии рўзгор, дас-тархони пур аз нозу неъмат, сулҳу ваҳдати комил ва шукуфоии ватанамонро таманно менамоям.
Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...