01 Июн 2025
Субҳи имрӯз, яъне 1-уми июн дар Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Хуҷанд Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар сатҳи баланди ташкилӣ ва шукуҳу фараҳмандӣ таҷлил гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода бо ҳайати ҳамроҳонашон ба майдони идгоҳ ворид гардида, шодишарики кӯдакон шуданд.
Дар даромадгоҳи боғ тарбиятгирандагони Кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд бо маҳорати хосса ва малакаю истеъдод суруду таронаҳо хонда, саҳначаҳои ҷолиби ватандӯстона нишон доданд.
Аҳли тарбиятгирандакони муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд бо барномаи фарҳангӣ, мааърифатӣ ва варзишӣ табъи меҳмононро болида намуданд.
Аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ба кӯдакон тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Ғолибони озмуни Академияи хурди илмҳо ва аъзои он ба Роҳбарияти давлату Ҳукумат ҷиҳати дастгириву ғамхориаш миннатдорӣ баён намуданд.
Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, хонандагони эҷодкор аз дастовардҳои хеш ба меҳмонон маълумот дода, шеъру таронаҳои эҷодкардаашонро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат ва ғайраҳо ироа намуданд.
«Шаҳраки саломатӣ», ки маҳсули дастранҷи ҷомеаи табибони вилоят буд, аз усулу равишҳои нави табобату муолиҷаи наврасону кӯдакон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ доданд. Варзишгарони наврасу ҷавони вилоят маҳорати хешро дар гӯштингирӣ, дзюдо, теннис, шоҳмот, шашка, карате ва ғайра нишон дода, ваъда намуданд, ки ҳамеша Парчамбардори меҳнати азизи хеш мегарданд.
Гӯшаи зиндааи табиат, ки аз тарафи муҳассилини макотиби шаҳру навоҳии вилоят омода карда шуда буд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода Паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзодаро дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ироа намуд, ки дар он аз ҷумла зикр шудааст: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди кӯдакони хушбахти даврони истиқлол чунин таъкид намудаанд: “Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад”.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст.
Дар партави сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин намудани ӯ, фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо ҳамчун ояндаи давлату миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Ғамхориҳои имрӯзаи давлату Ҳукумат нисбат ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ, инкишофи зеҳнӣ ва таваҷҷуҳ ба солимии онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки давлати мо барои ояндаи дурахшони худ пойдевори мустаҳкам гузошта истодааст”.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода низ кӯдаконро бо идашон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо кўдакон бо ғамхорию меҳрубонӣ фаро гирифта шудаанд ва дар муҳити оилаву кўдакистонҳо тарбияву таълими хуб дида истодаанд. Ба кўдакони имконияташон маҳдуд ва ятиму бепа-растор низ таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад. Давлат онҳоро ба паноҳи хеш гирифтааст, таълиму тарбия медиҳад, соҳиби касбу кор мегардонад ва ояндаашонро таъмин месозад.
Дар шаҳри Хуҷанд барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кўдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, таъсиси мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳо ва микроноҳияҳо, умуман, корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд, ки дар маҷмўъ барои беҳбудии рушд ва камолёбии кўдакон нигаронида шудаанд.
Раиси шаҳр гуфт, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар арафаи санаи барои халқу миллати мо муқаддаси Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Боварӣ дорам, ки Шумо, дӯстрӯякон, ҳамчун насли нави фардосози миллат ҷиҳати пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, дар оянда бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоред.
Барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон табъи ҳозиринро болида намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар тантанаҳои идонаи боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» беш аз 30 ҳазор нафар кӯдакону наврасон бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ иштирок ва бо фараҳмандӣ Иди хешро таҷлил намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд