31 Май 2025
Субҳи имрӯз бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди маҳаллаҳо, соҳили дарёи Сир ва Боғи фарҳангӣ-фароғати “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд ҳашари тозакорию ободонӣ доир гардид.
Дар доираи он бо иштироки сокинони маҳаллаҳо, кормандону омӯзгорон, устодон ва донишҷӯёну муассисаҳои миёна, олӣ, миёнаи махсус ва муассисаву ташкилотҳо қадди роҳҳо, боғу гулгаштҳо, роҳравҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва соҳили дарёи Сирр корҳои тозакунию сабзкорӣ сурат гирифта, мавзеъҳо тозаву озода карда, партовҳоро бароварданд.
Иқдоми нек ба истиқболи таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон дар Боғи фарҳангӣ-фароғати “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд ҳашари тозакорию ободонии саросарӣ гузаронида шуда, партовҳои зиёд ҷамъоварӣ карда шуд ва тариқи техникаҳои махсуси нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд ба партовгоҳ интиқол дода шуд.
Воқеан ҳам бо иқдомҳои шоистаи Роҳбарияти Давлату Ҳукумат тайи чанд соли охир шаҳри Хуҷанд симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри зебою орзуҳо табдил ёфтааст. Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
Ин аст, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби шаҳрдорӣ солҳои охир маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд куллан симои худро дигар намуда, бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан ба ҳусни он таровати тоза зам гардид. Бунёди инфрасохтори фароғатию тамринӣ дар соҳили дарёи Сир таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба он ҷалб намудааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд