Номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон
31 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
АЙЁМИ ХУШИ КЎДАКИИ ГУЛҒУНЧАҲОИ БОҒИ ЗИНДАГӢ
Ҳамдиёрони азиз!
Волидайни масъулиятшинос, кўдакони маъсум!
Ҳамасола 1-уми июн – Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар қаламрави олам таҷлил мегардад ва имсол ба қабули ин қарор сад сол пур шуд. Соли 1925 Қарори баргузории Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар Конфронси умумиҷаҳонии некўаҳволии кўдакон дар Женева қабул шуд. Консули генералии Чин дар Сан-Франсиско соли 1925 як гурўҳ ятимони чиниро ҷамъ карда, барои онҳо ҷашни Дуан-ву ҷи (фестивали заврақи аҷдаҳо)-ро ташкил кард, ки он ба санаи 1-уми июн рост омад.
Соли 1959, Созмони миллали муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи кўдакро қабул кард. Яке аз санадҳои асосии Ассамблеяи Генералии СММ ташкили Хазинаи кўдакон ЮНИСЕФ аст, ки айни замон механизми асосии кўмаки байналмилалӣ ба кўдакон ҳисоб меёбад.
Аввалин ҳуҷҷати байналмилалии ҳуқуқие, ки дар он ҳуқуқҳои кўдак дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шудааст, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак аст, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 20-уми ноябри соли 1989 қабул шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конвенсияи байналмилалиро 26-уми ноябри соли 1993 ба тасвиб расонд. Ҳуқуқҳои кўдаконро дар ҷумҳурӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак” ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» ба танзим даровард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: “Кўдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимии ҷисмонию равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак, ки мақоми доимии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад, сиёсати давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои кўдак бо мақсади амалисозии қонунгузории кишвар ва иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналмилалӣ тасдиқ шудаанд, пеш мебарад.
Дар ин рўзи пурнишот кулли кўдакону наврасони саодатёрро бо рўзи идашон табрику муборакбод мегўям ва ба онҳо айёми хуши наврасӣ, осмони софу беғубор, оромию осудагӣ ва хандаҳои беғаши тифлиро таманно мекунам.
1-уми июн – Рўзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кўдакон, мо, волидайнро, ҳамеша ҳушдор месозад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофу рушди зеҳни бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дўши мост.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани имконоти моддию маънавиро вазифаи асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайну оила меҳисобанд.
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо кўдакон бо ғамхорию меҳрубонӣ фаро гирифта шудаанд ва дар муҳити оилаву кўдакистонҳо тарбияву таълими хуб дида истодаанд. Ба кўдакони имконияташон маҳдуд ва ятиму бепа-растор низ таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад. Давлат онҳоро ба паноҳи хеш гирифтааст, таълиму тарбия медиҳад, соҳиби касбу кор мегардонад ва ояндаашонро таъмин месозад…
Дар шаҳри Хуҷанд барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кўдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, таъсиси мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳо ва микроноҳияҳо, умуман, корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд, ки дар маҷмўъ барои беҳбудии рушд ва камолёбии кўдакон нигаронида шудаанд.
Бори дигар ҳамаи кўдакони нек-бахти диёрро бо рўзи идашон шодбод мегўям, таманнои онро дорам, ки ҳамеша сулҳу ваҳдати тоҷикон побарҷо, кишварамон обод, кўдаконамон саодатманд ва ояндаашон дурахшон бошад.
Айёми хуши кўдакӣ муборак, дўстрўякони азиз, гулғунчаҳои боғи зиндагӣ!







