9305
(1 голос, среднее 1.00 из 5)
26 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар миёни халқ гуфторе ҳаст: инсони солим – оилаи солим, ҷамъияти солим – давлати солимро мустаҳкаму пойдевор аст.
Боиси афсӯс аст, ки дар давоми солҳои охир бо сабабҳои ночиз оилаҳо аз ҳам ҷудо шуда истодаанд. Ин ба парокандагиву пошхӯрии хонавода ва сарсонии фарзандон оварда мерасонад. Чунки оила ҷудо мешавад, албатта, аксаран фарзандон тақсим мешаванд ва маъмулан кӯдакон бо модар мемонанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки маҳз бо сабаби назорат набурдан аз тарафи падару модар, ноболиғон ба беҳудагардию амалҳои номатлуб даст мезананд. Дигар ин ки қисми зиёди оилаҳои ҷавон ҷудо шуда, модар ё падар ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, вале кӯдаконро расман ба касе вобаста намекунанд. Кӯдак бетарбия ва беназорат ба воя мерасад ва табиист, ки бо диду нигоҳи кӯдакони хеш зиндагӣ ба сар мебарад.
Агар тарбияи насли наврасро хубтару ноболиғонро аз амалҳои номатлуб ҷилавгарӣ кардан хоҳем, лозим аст, ки ҷудошавии оилаҳоро боздорем, зеро ки асосан ноболиғон дар натиҷаи ҷудошавии волидон аз тарбия дур мемонанду ба амалҳои ношоистаю номатлуб даст мезананд.
Пурсиш ва таҳлилҳо собит месозанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии пошхӯрии оилаҳо дар зинаи паст қарор доштани маърифати оиладорӣ мебошад. Омили дигар бидуни сабабҳои воқеӣ ва ночиз ҷудошавии оилаҳову хонаводаҳо ба чашм мерасад.
Бо нияти аз байн бурдани мушкилоти ҷудошавӣ бояд тадбирҳо андешида, марказҳои дастгирии психологӣ – равоншиносиро дар ҳама маҳаллаҳои шаҳр созмон додан лозим аст.
Мутахассисони марказро зарур аст, ки дар дарёфти роҳи ҳалли мушкилӣ, барқарор намудани муносибати зану шавҳар ва тарбияи фарзандон маслиҳатҳои судбахш дода, зану шавҳарро дар печутоби рӯзгор роҳбаладӣ намоянд.
Ташкилу вохӯриҳо аз таҷрибаи оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷандро мунтазам роҳандозӣ бояд намуд.
Ҷалби оилаҳои ҷавон ба тариқи сарҷамъона ба тамошоҳои филмҳои тарбиявию намоишномаҳои драмавӣ ва таҳлили онҳо бо ҳамроҳи фарзандони онҳо.
Дар шуъбаи кор занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, баҳри бартараф кардани масъалаи мазкур нақшаи мушаххаси ҷорию дурнамо тартиб дода шудааст, ки он ҷиҳати амалии хешро иҷрову дарёфт карда истодааст.
Манучеҳра Кенҷазода,
мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд