08 Май 2025
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо сокинон ва фаъолони маҳаллаҳои «Дӯстии халқҳо” ва «Ваҳдат» мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҳамчунин муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, муовини сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.
Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ҳадафи мулоқотро баррасии масъалаҳои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 апрели соли 2025 барқияи ҳукуматӣ аз 28 апрели соли 2025, №24/2-37 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 апрели соли 2025, №118 «Дар бораи таъсис додани гурўҳӣ кории вилоятӣ» ва бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба таъмини иҷрои талаботи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои амалишуда истода дар самти пешгирии шомилшавии сокинон ба экстремизм ва терроризм ва ғайраҳо унвон намуд.
Шаҳрдор иттилоъ дод, ки тақвияти нишондиҳандаҳои соҳаҳои хоҷагии халқ имкон дод, ки дар се моҳи соли ҷорӣ нақшаи буҷети шаҳр пурраю барзиёд таъмин гардад.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир нақшаи буҷети умумии шаҳр ба андозаи 105,5 фоиз ё 228,4 миллион сомонӣ таъмин гардидааст.
Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, 96,1 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки он дар муқоиса бо нақшаи пешбинигардида ба маблағи 2,6 миллион сомонӣ ё 2,8 дар сад зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети шаҳр 100,0 фоиз таъмин гардида, дар ин давра барои пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 59 млн. 864,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардиданд, ки ин 81,3 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, аз ин ҳисоб қарздорӣ ва ё қафомонии пардохти музди меҳнат ҷой надорад.
Боиси зикр аст, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси шаҳр аз 20 июни соли 2022, №77 аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту идораҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Мувофиқи нақша чорабинии зикрёфта сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншоотҳои ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то имрўз 788 адади онҳо бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи умумии пешбинишуда 83,0 фоизро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии иншоотҳои бунёдшуда, 63 адади он ба соли ҷорӣ рост омада, аз онҳо 17 иншоот дар соҳаи саноат, 1 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 3 иншоот ба дар соҳаи варзиш, 19 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 23 бинои истиқоматӣ бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар баробари дастовардҳои ноил гардида, ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои алоҳида ҷалб намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки баҳри рафъи он камари ҳиммат басда, дар якҷоягӣ Ватани маҳбубамон ободу хуррам намоем.
Сипас ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Ҳурматзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои зиёд кардани иқтидори истеҳсоли неруи барқ, мустаҳкам сохтани инфрасохтори низоми энергетикӣ, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ 36 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 89 миллиард сомонӣ амалӣ намуд. Аз ҷумла, дар самти паст намудани талафоти неруи барқ 3 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ идома дорад.
Таъкид шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика, хусусан комилан беҳтар намудани таъминоти неруи барқ ба аҳолии мамлакат ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар ин робита Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳимму ногузир вазифагузорӣ намуданд.
Дар ин замина зикр шуд, ки барои ҷорӣ намудани назорати баҳисобгириву истифодаи дурусти неруи барқ Агентии назорати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар қонунгузории мамлакат барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ гардид.
Муовини сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Олимҷон Сабуров дар баромади худ оид ба гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракати экстремистию террористӣ, пешгирии фарҳанги бегона, ҷинояткорӣ ва ғайраҳо андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки зуҳуроти ташвишоваре, ки имрӯз як идда ҷавонони зудбовару гумроҳро фаро гирифтаву сӯи зулмот ва бераҳмиву ҷаҳолат мебарад, ин бо ҳар роҳу усул шомилшавӣ ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурӯҳҳои ҷангҷӯю тундрав мебошанд, ки имрӯз мусибати гаронеро ба сари мардум оварда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои террористию экстремистӣ, ки имрӯзҳо шаклу усулҳои нав гирифтаанд, ҷуғрофиёи худро васеъ намуда, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва дигар амалҳои экстремистиро тағйир додаанд.
Ташкилоти экстремистию террористии фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда дорои сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва таҷрибаи пешбурди фаъолияти тахрибкорию террористӣ мебошанд. Созмонҳои экстремистию террористӣ барои ба сафи худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон бо назардошти вазъи ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ ва болоравии динамикаи содиршавии ҷиноятҳои экстремистӣ нақши меҳварии ҷавононро дар ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот ва рушди мамлакат таъкид намуда, борҳо изҳор медоранд, ки ин ҳолат ҷавонони ҷумҳуриро водор месозад, ки ҳамеша аз таҳаввулоти геополитикӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии сайёра бохабар бошанд, то тавонанд бо хатарҳои идеологӣ, аз ҷумла мафкураи радикалӣ, ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ муқовимати муассир намоянд.
Дар ҷараёни мулоқот сокинони маҳаллаҳои “Дӯстии халқҳо” ва “Ваҳдат” доир ба мушкилоти хеш, муаммоҳо ва ҳамчунин вобаста ба масоили матраҳгардида фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҳамагон баҳри ободии диёри хеш аҳлона заҳмат намоем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







