(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Корномаву диловарии фарзандони баору номуси миллат намунаи ибрати наслҳои имрўзу оянда аст

Шаҳрвандони гиромӣ, ҳамдиёрони азиз!

Меросдорони Ғалабаи бузург!

Имсол халқи олам, мардуми сулҳҷўю оромихоҳи ҷаҳон, давлатҳое, ки барои мағлубияти фашизми Олмон ҷангидаанд, 80-солагии Рўзи Ғалабаро бо тантана таҷлил мекунанд ва бо ин амал собит месозанд, ки ҳеч як ҷанг, терроризму экстремизм наметавонад муттаҳидии халқи ҷаҳонро рахна созад.

Фақат иттиҳоду якдилӣ метавонад бар муқобили амалҳои зишт истодагарӣ намояд ва натиҷаи дилхоҳро ба даст оварад. Мавқеъ ва мақоми ин санаи таърихӣ, ғалабаи оламшумул бо гузашти солҳо боз ҳам устувор мегардад, зеро он рамзи ватандўстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мо, нишони некбиниву ҳувияти онҳост.
Аз нигоришоти таърихӣ маълум аст, дар солҳои ҷанги хонумонсўз аз кишвари Тоҷикистон 278 ҳазор сарбозу афсар ба сафи артиш даъват шудааст. Беш аз 90 ҳазор нафари онҳо дар майдони набард ҳалок шудаву бархе бе ному нишон гаштааст. Ҳукумати Шўравӣ хизматҳои ҷанговарони тоҷикро ба назар гирифта, 60 ҳазор сарбозу афсари тоҷикистониро бо ордену медалҳо, 54 нафарро бо унвони «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ», 21 нафарро бо ҳар се дараҷаи ордени “Шараф” қадр намуда, ҳамзамон, 102 ҳазор корманди хоҷагиҳои гуногуни халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 сарфароз гардонд.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид гуфтаанд: “Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозиҳо кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рўз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи виҷдонии ҳар фарди ҷомеа мебошад. Корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрўзу оянда хоҳад буд, чунки омўзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрўз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад”.
Нўҳуми май моҳиятан рўзи шодиву нишот аст, вале ҳамчунон санаи ёдбуди онҳоест, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд. Мо имрўз дар назди хотираи тамоми қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд меорем ва ёдашонро гиромӣ медорем.
Ҳоло дар даврони соҳибистиқлолии кишвар кору пайкор дорем ва ҳамагон вазифадор ҳастем, ки ҳаёту рўзгори қаҳрамонону диловарони миллатамонро омўзем ва ба дигарон омўзонем. Зеро ҷоннисориҳои онҳо дар майдони набард барои насли ҷавони миллат дарси матонату шуҷоат, ватандорию ватанпарастӣ, намунаи ҷасорат ва хислатҳои неки инсонӣ буда, барои бунёди ҷомеаи навини мо ва тарбияи насли созанда мусоидат менамояд.
Баргузории конфронсҳои илмиву амалӣ, мулоқоту сўҳбатҳо бо собиқадорон, ташкили тамошои мавзеъҳои таърихӣ, ки марбут ба солҳои ҶБВ мебошанд, ҳама дар якҷоягӣ эҳсоси баланди ватандўстии насли наврасро бедор месозад ва дар вуҷуди онон матонату диловариро тарбия мекунад.
Ҳар сол чун анъана Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр дар бобати расонидани кўмаки моддӣ ба собиқадорон, беҳтар кардани шароити зиндагӣ, бо ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамаи чораҳоро андешида истодааст. Зеро ин масъала яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад.
Бори дигар, тамоми мардуми шарифи Хуҷандшаҳри куҳану ҳамешаҷавонро ба муносибати 80-солагии иди Ғалаба самимона табрик мегўям. Бигзор осмон ҳамеша софу беғубор, сулҳу амонӣ ва осоишу оромӣ дар саросари ҷаҳон пойдор ва кишвари маҳбубамон – Тоҷикис-тони соҳибистиқлол пешраву муваффақ бошад.
80-солагии Ғалабаи оламшумул муборак, ҳамдиёрон!

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...