08 Май 2025
80 сол муқаддам, яъне субҳи 22-юми июни соли 1941 Германияи Гитлерӣ ба хоки шӯравӣ аҳдщиканона ҳуҷум кард ва бо ҳамин барои давлати советӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки онро ҷанги дуюми ҷаҳон ҳам мегўянд, оғоз ёфт.
Сокинони Хуҷандшаҳр, ин рўйдоди таърихро ба ҳисси масъулиятшиносӣ пешвоз гирифтанд. Омўзиши сарчашмаҳои таърихӣ ба мо даст дод, муайян созем, ки чӣ тавр хуҷандиён аз ин озмоишгоҳи бузурги таърих сарбаландона гузаштаанд.
Вазъи шаҳрро дар рўзҳои аввали ҷанг муаррихи варзида, ҷангноманависи маъруфи тоҷик Ҳасанбой Шарифов дар китоби хеш «Дилҳои пурҷасорат» (Душанбе, Нашр. «Ирфон», 1989, саҳ.14) чунин менигорад: «Бегоҳии 22-июни соли 1941 кўчаву майдонҳои Хуҷанд пур аз одам буд. Мардум назди карнайҳои радио гирд омада, ба овози пуризтироби диктор бо ҳяҷон гўш меандохтанд. Ҳеҷ кадомеро бу ҷузъ ташвиши ҷанг ғами дигар ба дил намеғунҷид. Вақте ки суханони охири ахбори ҳукуматӣ «Кори мо ҳақ аст, душман мағлуб мешавад, мо ғалаба хоҳем кард» саросари кўчаҳоро мавҷи чапакзанӣ фаро гирифт. Сипас митинги умумишаҳрӣ барпо шуд».
Ба мо муяссар шуд, ки як тан аз иштирокчии ин митинг Ҳалима Мансуроваи 101 соларо дарёфт кунем, ки хотири худро аз он рўзҳо ин тавр нақл кард:
-Мо он солҳо дар маҳаллаи «Сари Баландӣ»-и шаҳр истиқомат мекардем. Нав оила барпо карда будам. Духтари калониам 2 солаву хурдиам 5 ё 6 моҳа буд. Хабари саршавии ҷангро аз карнаи радиои маҳалла шунидем. Баъд митинг шуд. Чанд нафар калоншавандаҳо баромад карда, барои мубориза бурдан бо фашистон даъват карданд. Хусусан ихтиёран ба фронт мерафтагиҳо хеле бисёр буданд. Ҳамсарам Ҳошимов Абдуалӣ низ аз аввалинҳо ба ҷанг рафтанду аммо беному нишон шуданд. Умрамро бо ҳамин ду духтар сипарӣ кардам…
Тавре муаррихи варзида профессор Ҳ. Холҷўраев дар китоби худ «ЛГПИ в годы Великой Отечественной Войны» (Нашр. «Ношир, 2012 менависад, «митинги хуҷандиён санаи 23 июн дар саҳни Донишгоҳ барпо шуд. Директори Институт Л.Е.Месежников хабари ҳукуматиро дар бораи ҳуҷуми аҳдшиканонаи Германияи фашистӣ ба Ватани мо қироат кард».
Боиси тазаккур аст, ки ҳисси ватандўстии сокинони Хуҷандшаҳр хусусан ҷавонон ба андозае баланд буд, ки аз рўзҳои аввали ҷанг барои ба фронт рафтан ариза менавиштанд. Масалан, аъзои комсомол Саодат Алибоева як тан аз онҳо буд, ки бо мазмуни зер ариза менависад: «ман қотеъона хоҳиш мекунам, ки маро ба сафи Армияи Сурх нависед. Ман дорандаи нишони сарисинагии ГТО дараҷаи 1, мутахассиси соҳаи радиотехника ҳастам. Аз соли 1940 аъзои комсомол мебошам». («История Ленинабада», Изд. «Ирфон», Душанбе, 1986, саҳ.358). Тақдир минбаъд ин ҷасурдухтари хуҷандиро б мақсадаш мерасонад. Вай дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сифати устои таҷҳизоти барқи тайёраҳо дар полки 48-уми тирандозӣ то рўзи Ғалаба ҷангидааст. Аммо, тақдири минбаъдааш маълум нест.
Омўзиши сарчашмаҳои таърихӣ муайян сохт, ки далериву нотарсӣ байни занону духтарони шаҳр дар рўзҳои аввали ҷанг ба андозае баланд будааст, ки аз 200 аризаи ба комиссариати ҳарбии шаҳр санаи 23 июн дода, аз нисф зиёдашон аз номи духтарон буд. Бо вуҷуди ин қувваи асосиро мардон ташкил медоданд. Байни онҳо коргарони комбинати абрешими Ленинобод, фабрикаи либосдўзию трикотажӣ, хонандагони техникуми кооперативӣ, матббаи аввалини шаҳри Хуҷанд, заводи пахтатозакунӣ, донишҷўёни Институти педагогии шаҳр хеле зиёд буданд.
«Донишкада қисми муаллимону донишҷўёни худро ба армияи амалкунанда мефиристад,-навиштааст, профессор Ҳ.Холҷўраев дар китоби худ, «ЛГПИ в годы Великой Отчечественной Войны»,- худи рўзҳои аввали ҷанг 17 нафар омўзгору 77 нафар донишҷў бо сардории котиби ташкилоти партиявӣ Карим Дадобоев ба фронт рафтанд. Байни донишҷўён бошанд, хатмкунандагони соли хониши 1940-1941 Абдусттор Қодиров, Соли Раҷабов, Қосим Каримов, Абулқосим Турсунов буданд».
Бино ба маълумотҳои таърихӣ дар 3 рўзи аввали ҷанг ба комисариати ҳарбии шаҳри Ленинобод 514 аризаи ба фронтравӣ аз номи сокинон ворид шуда буд. Тавре сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, комсомолону коммунистон дар сафи пеши раҳсипор шудан ба ҷанг буданд. «Ҳафтаҳои нахустини ҷанг ба фронт танҳо аз шаҳри Ленинобод 400 аъзои ВЛКСМ раҳсипор гардиданд,-оварда шудааст, дар китоби «Дилҳои пурҷасорат»- и Ҳ. Шарифов,-дар зарфи якчанд моҳи аввали ҷанг 210 нафар коммунистони ташкилоти партиявии шаҳри Ленинобод ба фронт равон шуданд. Ба ҷанг ҳамчунин 25 нафар депутатҳои Совети вилоятӣ ва 32 депутати Шӯрои шаҳрӣ низ раҳсипор гаштанд».
Авзои мардуми шаҳрро дар рўзҳои аввали ҷанг ходими давлатию ҷамъиятӣ, профессор Шукур Султонов, ки худ он солҳо дар синни наврасӣ буд, дар китоби худ «Ёддоштҳои зиёии шўравӣ» (Нашр. «Хуросон», Хуҷанд, 2015, саҳ. 51) чунин менигорад: «Ҷанг зиндагии осоиштаи мардуми моро комилан тағйир ва рабти муқаррарии рўзгорро барҳам дод. Намуди зоҳирии одамон, қиёфаи онҳо дигаргун мешуд. Хурду калон ҳама якбора ҷиддитар мешуданд. Занҳо мегиристанд…
Аҳли чойхона ҳам гўё, ки пешакӣ маслиҳат карда бошанд, ҳама андўҳгин ва камгап шуда буданд. Дар ин ҷо акнун касе бо овози баланд қаҳ-қаҳ намехандид. Базлагўиҳо ҳам барҳам хўрд….Ҳар рўз ҷавонони синашон ба 18 расида ва калонсолтар вақти чошт ба комиссариати ҳарбӣ рафта, аз муоинаи духтурҳо гузашта кай, кадом рўз рахти сафар бастанашонро дарак мекарданд….
Дар бадали чанд ҳафтаи авали ҷанг маҳаллаамон ба назарам камодам шуда монд. Оилае набуд, ки аз он ягон кас ба аскарӣ даъват нашуда бошад».
Ҳамин тариқ ҷамъулҷамъ ба ҳифзи Ватан аз дасти душманони лаин наздик зиёда аз 12 ҳазор нафар бошандагони шаҳр рафтанд.
Чун Хуҷанд шаҳри саноатӣ буд, аз рўзҳои ввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ корхонаҳои саноатии шаҳр таҳти шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолияти худро ба роҳ монданд. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр мусобиқаи сотсиалистӣ авҷи тоза гирифт. Шиори меҳнаткашон он шабу рўзҳо ин буд: дар ақибгоҳ чун дар фронт кор мекунем! Дар заводу фабрикаҳо бригадаҳои зарбдори фронтӣ ва комсомолону ҷавонон ташкил карда шуд. «Дар шаҳр 30 чунин бригада бо 370 аъзо ташкил ёфта буд, -оварда мешавад, дар китоби «История Ленинабада», (Душанбе, Изд. «Ирфон», бригадаи Қўзиев дар комбинати абрешим ҳар моҳ нақшаи истеҳсолиашро аз 108 то 2014 фоиз иҷро мекард. Дар комбинат тўли солҳои ҷанг бригадаи фронтӣ-комсомолӣ таҳти роҳбарии Ҳабиб Бақоев (ин шахс минбаъд солҳои тўлонӣ сарварии комбинати абрешими шаҳрро ба ўҳда дошт. М.М.) намунаи ибрати меҳнати фидокоронаро нишон дод».
Хусусан, аз рўзҳои аввали ҷанг ҳаракати стахановӣ дар шаҳр авҷ гирифта буд. Тавре дар ҳуҷҷатҳои Пленуми ташкилоти партияви шаҳр моҳи июли соли 1941 қайд мегардад, «агар ба санаи 1 январи соли 1941 стахановчиён дар шаҳр 1317 нафарро ташкил диҳанд, пас имрўз сафи онҳо ба 1906 нафар расидааст. Бариловаи нақша ба маблағи 2 миллиону 855 ҳазор сўм маҳсулот истеҳсол карда, маҳсулнокии меҳнат ба андозаи 4% баланд бардошта шудааст».
Боиси тазаккур аст, ки маркази маъмурии вилоят он солҳо ба маркази таъсиси қисмҳои ҳарбӣ низ табдил ёфта буд. Далели ин гуфтҳоро мо аз ҳамон китоби «Дилҳои пурҷасорат»-и муаррихи варзида зиндаёд Ҳасанбой Шарифов дарёфтем. Дар саҳифаи 22-и китоб дар қисмати «Адои қарз» ў менависад: «Ҳуҷҷатҳои архиви комиссариати ҳарбии шаҳри Ленинобод тасдиқ карданд, ки ин соединия дивизияи 63-юми савора ном дошта, 25 августи соли 1941 дар мавзеи «Сарои қоқ» (имрўза шафати факултаи таърихи ДДДХ, то парокандашавии давлати советӣ он ҷойро «Боғчаи қоқ» ҳам мегуфтанд. М.М.) ташкил ёфта будааст. Тамоми хароҷотҳои он ба зиммаи органҳои маҳаллӣ вогузор шуда буд».
Ҳамин тариқ, сокинони шаҳри соҳили Сир ба истиқболи фашистони ғаддор сина сипар карда, дар рўзҳои аввали ҷанг чун дигар миллату халқиятҳои ватани паҳновари советӣ аз як гиребон сар бароварданд. Аммо, касе намедонист, ки ин ҷанги хонумонсўз 1885 шабонарўз идома меёбад. Аз 12 ҳазор фиристодагони шаҳри Хуҷанд 1540 нафар ҳалок гардида, дар майдонҳои ҷанг абадан ҷавон мемонанд. 871 нафар беному нишон мешаванду волидайну пайвандонашон то лаҳзаҳои вопасини умр чашм ба роҳи ҷигарбандонашон гардида, бо онҳо «дидор ба қиёмат» мемонанд.
Ҳанўз касе намедонист, ки далерписарони шаҳри бостонии Хуҷанд чун ворисони арзандаи Темурмалики қаҳрамон дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон медиҳанд. Ду нафар аз онҳо Саиднафеъ Саидалиеви тотору Ҳоваҷи Мирзоеви чечен ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва Пўлод Отаеви раззоқиву Михайил Павленкои рус ва Сангинбой Почоумарови «Таги тути калонӣ» барои корнамоиҳои бемислу монандашон бо ҳарсе ордени дараҷаи «Шарафи ҷангӣ» сарфароз гардонида мешаванд.
Имрўз аз он миқдор родмардони Ватан нафаре боқӣ намондаанд. Ёдатон ба хайр, родмардони Ватан!