(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади огоҳӣ аз вазъи таъминкунии оби нӯшокӣ ва иншооти сохташаванда доир ба дастрасии аҳолии маҳаллаҳои навбунёд ба оби нӯшокӣ аз раванди сохтмон ва тадбирҳои амалишаванда дар ҳудуди шаҳр ошноӣ пайдо намуд.

Аз ҷониби Маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба шаҳрдор иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби корхонаи мазкур ҷиҳати таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 1-15-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти «Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд», марҳалаи аввали он «Таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи №4 КВДК «Хуҷандобуканал»»-ро ҳанӯз соли 2016-ум оғоз гардида, имрӯз мавриди истифода қарор дорад.
Тибқи лоиҳа 2 ҳавзи оби тоза дар маҷмуъ ба андозаи 5000м3, 1 адад истгоҳи бардошти II, 1 адад истгоҳи трансфарматор ба кор андохта шудааст.
Айни ҳол амалишавии марҳилаи дуюми иншоот “Сохтмонҳои 2 ҳавзҳои захиравии оби нӯшокии ҳар кадоме 3000м3 бо хатҳои обгузар” бомаром идома дорад. Таъиноти он бо оби нӯшокӣ таъмини намудани маҳаллаҳои қисми маҳаллаҳои навбунёди 1, 2, 3, 4, 5, 6, ва 7 мебошад, ки бо маблағгузории мутамаркази буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда мешавад.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд лоиҳаи сохтмони иншооти “Обтаъминкунии маҳаллаҳои 28, 29 ва 30-юми шаҳри Хуҷанд аз иншооти обдиҳии №2-и КВДК “Хуҷандобуканал” низ муаррифӣ карда шуд, ки он бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.
Ҳамчунин тибқи нақшаи дурнамо асосноккунии техникии ва иқтисодии “Азнавсозии таъмин намудани обҳои нӯшокӣ ва қабули обҳои партови шаҳри Хуҷанд” рӯнамо гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баъди шиносоӣ бо раванди корҳо доир ба сифатан анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба камхарҷ ва бо афзун намудани иқтидорҳои обрасонӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳр сокинони зиёд хона бунёд намуда, зиндагӣ оғоз намудаанд ва табиист, ки ба оби нӯшокӣ эҳтиёҷи бештар пайдо мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зикр намуд, ки то таҷлили ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди чунин инфрасохтори иҷтимоӣ, ки ба некуаҳволии мардум равона гардидааст, дар шаҳр вусъат меёбад.
Хотиррасон менамоем, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иқдомҳои созандаи шаҳрдорӣ дар шаҳри Хуҷанд корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза касб мекунанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...