07 Май 2025
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҳоли собиқадорони ҷангу меҳнат хабар гирифтанд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Қутфинисо Раҳмонова, Самия Азизова, Маҷид Ширинов, Фотима Шукурова ва Баҳриддин Ахмедов аз наздик суҳбат ороста, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон гардид.
Номбаршудагон бо заҳмату фидокориҳои худ дар рушди иҷтимоии мамлакат ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки давлату Ҳукумат ҳамеша хизматҳои фарзандони шуҷоу ватандӯстро қадр менамояд. Ғамхориҳои роҳбарияти кишвар дар самти дастгирии собиқадорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо далели равшани ин гуфтаҳо мебошад.
Дар охир ба ҳар як собиқадор туҳфаҳо ва кӯмакҳои моддӣ супорида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд